Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
мекашад. Ӯ дар хилватӣ мегиряд. Хандаю шӯхии Зариф бо падар синаи писаракро чок месозад. Магар ба ҳоли зиндаятимин ӯ механдад? Чаро одамон аз дарду алами ҳамдигарӣ фориғанд? Ё девори миёнаи ҳавлӣ раҳ мегирад чӣ? Ин абри дайду аз кадом лаҳад пайдо шуд?
Хайрият, ба пеш ҳаракат карду ситораҳо аз «таъқиб»
халос хӯрданд. Писарак аз шодӣ болои кундаи чинор баромада, ба ситораи рахшон даст меафшонад, назди худ мехонад онро.
Мӯйсафед ва кампир муколамаро шунида, ба сурати ҳайкал ноҷунбон шуданд. Нигоҳҳошон ифодагари
як маъnӣ буд: «Ғофилем, касе дарак додааст». Зани
солхӯрдаи тангпешонӣ ба пирамард теғ мекашад. Гадозода ба ҳукми кӯдак дастнигар мешавад, риши дарози
бенурашро қабза мекунад, омодаи фармони навбатӣ ба
замин чашм медӯзад. Хушомадгӯии марди пир сабаб
дошт. Ӯ ҳамагӣ се маротиба хонадор шудааст. Дафъаи
якум боиси безурётӣ аёлашро сар медиҳад. Ҳамболини
баъдинааш сари фарзанд меравад. Зани ҳозирааш дар
гузашта муаллима буд. Савобҷӯе саъй карда, ба даргоҳи хонаи хусуршавандааш мебарад ва бо маслиҳату
машварати тарафайн хонадомод меистад. (Он солҳо
расме вуҷуд дошт, ки агар домод бе чизу чора — бе
пасандоз мебуд, ба нафъи хонадон немузд кор мекарду
оҳиста-оҳиста соҳиби зану фарзанд мешуд.) Ва ин фармонбардорӣ дар хуну пӯсти мӯйсафед шишт. Кӯчи духтари кенҷаашро ҳам бо исрори «вазир»-и тиҳимағзаш бор карда овард. Мардуми шаҳри калон аз печи
тобхӯрдаи саллаи гардияш, ки бар-бари мошин хидматӣ медавид, ҳай завқ бурд. Ҳамон рӯз дидагиҳо ба
овози баланд сарварони хасакиро лаънату лаин хонданд. Ба сару рӯи Хайбар Қасрати мағруру бодӣ туфи
чанд тан расида бошад ҳам, худро нодида ангошта,
саркану покан ғайб зад. Лоақал Гадозодаи пир мардона
гап занад, мегӯӣ калиди даҳонашро пиразан дар банди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё