Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

кокулонаш гиреҳ баста. Дар интиҳо, қуфли даҳони Раҷабгул шикаст:

— Ҳой, духтар бачата насиҳат намекунӣ? — овоз дод аз паси пардаи хонаи дарун кампир. — Ҳо, намакам мезанад, радди маъракаи мардум мешавӣ-а. Ба ҷои некӣ — бадӣ? Ай зоғ зоғ мерӯидааст-да! Кӯрнамакҳо!

— Рост мегӯӣ кампирҷон, ба инҳо некӣ раво нест! — дар ҷояш беқарор гуфт мӯйсафед. — Мо ӯро овардем, ки алови чашми бачаро бигирем. Мардуми бефаҳм моро сияҳ кардааст. «Паси подшоҳ — ғайбат».

Кампири параҳои рӯ муҳпарзада ва муғулсимои маҳсипӯши пешонӣ пурчин писаракро гаштаю баргашта дуои бад мекард. Оҳ мекашид, ки дарахти умри Зулайҳо бо дуди ғам хазон шуд. Вой дареғи умри ширинаш. Бо азобҳои алиме набера ба воя расонид. Намемонд, ки кӯдак ба замин сахт пой бимонад, ӯро дар пушторааш гардонда мегашт, наволаи ёфтаашро ба даҳони Муродалӣ мемонд. Рӯзе, ки набера худашро шинохт, дараки падарашро низ ёфт ва хонаи кампиракро тарк гуфт. То ҳатто рӯзи дафнаш наомад, ки ду-се бор «момамой... » бигӯяд. Бачаи мардум вафоӣ надорад.

Ҷавонзан ба айвон баромад. Писарак болои кундаи чинор ғарқи андеша буд. Ва сӯи осмон даст афшонда, ширин-ширин механдид. Модар тарсид. «Нҷ-нҷ-нҷ, ох, бачаҳакам ба ягон касал гирифтор шудааст. Ана, нишонаҳош: ба худ гап мезанад, механдад, даст меафшонад... »

— Баҳор, о Баҳо-ор!

— ...

— Ҳей бача! Дар болои кунда чӣ шиштай?

— Тамошо дорам.

— Чиро?

пешина
аз 139
навбатӣ