Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ситораҳоро.
— Аз тамошои ситора чӣ суд? Кӯдаки нодона бибин, одамҳо як сари хоб гирифтаанд, ӯ ситора мешуморад.

— Оҷа! Ситора гап мезана....
— Инашро аз куҷо бофтӣ?
— Шунидам.
— Девонагӣ меборак!

— Оҷа, худат гуфтӣ, ки «ситораҳо ба ранги одаманд»-ку?
— Дурӯғ гуфтам! Бовар накун. Ба ту гӯянд, ки «рафта аз лаби ҷар бипар», мепарӣ?

— Намепарам. Одам ай ҷар бипара, дасту поҳош мешикана-е.
— Ба ситораҳо ҳам бовар накун. Ҳамааш афсона.
— Оҷа, ҳо, оҷа!...

— Бас, момоҷавобак, бас! Гӯшҳома кар кардӣ...
Писаракро хоб намебурд. Нолаи най дар дили шаб асар мегузошт. Тайи ин оҳанги шевою афсунгар пеши назари Баҳор пайкари бузурги падар ба дидор мешуд. Чунон як пайкари хушсалобату зебое, ки рӯзи базми хоса рӯи ҳафт қабат кӯрпача най менавохту вай арғушт мерафт. Зимни дасту поҷунбонӣ ба нигоҳҳои батааннии падараш роз мегуфт. Омаданҳои чаҳдекшиками хунукрӯро зи ёд набурдааст ва дар варақи беолоиши хиёли ӯ ба ранги зоғи сиёҳи бадрӯз боқӣ монда. Ҳайҳот, ҳоло ба сурати аскари бесилоҳ аст. Солашро бигирад, муборизаро сар мекунад, часпу талоше, ки нишонаи вориси ҳақиқии падар будани ӯст. Ана баъд, ӯ беҳаёро дар раҳу рӯ дида, нафратолуд масхара медорад, арҷгузориро бошад, ба хари ҳамсоя эб мебинаду ба вай не. Ба ин осонӣ ҷонаш намераҳад, барои

пешина
аз 139
навбатӣ