Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
хиёнату номардиаш рӯбарӯ гап мезанад. Бигзор, ӯро ба зиндон андозанд, лекин парвое намекунад, миҷҷааш ҳам намехӯрад. Сари он сиёҳкорро бо теғи алмосӣ мебурад, қасдашро меситонад. Ва дар болои сараш тарона мехонад.
Не, не, ӯ таронаро аз ҷӯши дарду алам, сӯзиши рагу пайванд, нафрати беинтиҳош чун видои вопасин батамасхур замзама месозад. Видоъ бо номард! Чӣ лаҳзаи фараҳбахше... Ва санаи муборакро дар тақвими умраш бо хатҳои зарҳалин менависад.
Нолаи най аз дарди дили писарак нохун мезад. Оҳанги моломол аз сӯзи зиндагӣ, ғаму ҳасратҳо, ҷудоӣ, барору номуродиҳо, орзую ҳавасҳо, дидорбинӣ. Ин савти хушро насимаки рӯд меовард. Наво ҳаргуна сангдилро ба сари андешаи зиндагӣ мекашад, нармию гармӣ мебахшад ба саропош, дар ғарқаи ишқ обаш мекард. Ай, соҳиби наво! Писаракро бишнос, нафасе дамсоз бишав. Ӯ дар дил гуфтаниҳои зиёде дорад. Ва бишнав: аз кинаҷӯии бобои ришдарозу момои лангу ҳокимчаи номард — афти хунукаш дар гӯр! — ва мунофиқии модараш қисса мекунад. Нисфишабиҳо, баъди он ки ҳамаро хоби маст мебарад, як мардаки миёнсоли муғулсимои зангӣ ба шишаи тирезаи хонаи онҳо маҳин-маҳин нохун мезанад ва модар ҳам монанди дуздони шабгард бесадо мехезад, то писарак гумонбар нашавад. «А, саг! Қаш... Қашталӣ, одами худиям», ба гӯш мерасад аз синаи шаб. Меравад то ба назди дар, хафию тарсолуда пичиррос мезанад: «Кӣ...?» Садои паси дарро чандон хуб намешунавад. Дар нимрог мегардад, овози такрор: «Ман, Ман... Мангибай. Вай хоб ё не...?» «Биё, вай хоб... Оҳиста биё, ки...» таъкид мекунад модараш. Писарак лаби кӯрпаашро саҳл боло бардошта, дар рӯшании маҳтоб мебинад, ки шабаҳе аз болои сари ӯ нарму бесадо мегузарад. Овози занона? «Албатта, дар хонаи ҳамсоя меҳмон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё