Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
омадаасту зани Ҷӯрабой нонталабӣ... Оҷаам бошад, мурғҳои аз катак раҳохӯрдаро киш-киш дорад», мефиребид худро писарак. Шабах ба зудӣ хонаро тарк нагуфт. Баҳор фаҳмид, ки «соя» бо модараш ҳамхоба мешавад. «Оҷа-а-а!!...», —гӯён бо талвоса ҳаром кард хоби онҳоро ва рост болои сари модараш омад:
— ...киист ин мардаки ҷӯгӣ?
— Тағоят мешавад, бачам-е.
— Як маймунаш бас набуд, ки...?
— Ойӣ, дар қадат бимирам, бобот мешунавад, айб,
— илтиҷо мекард модар сару рӯи писарашро бӯсида.
— Киштичаат биёрам? — аз гӯшаи торикӣ овози борики занонахел омад.
— Ай худат ҳам безорам, ай киштичаат ҳам. Тез биҳез гум шав!!...
Ва Баҳор якбора ба «тағо»-яш ҳамлавар шуд. То аз банди дастҳош доштанд, ки ба кифту бари гардани ӯ пай кашид, пайи корд... Муғулсимо аз тарси он ки сирри ғариаш дар саросари деҳ овоза нагардад, аз хона ғайб зад.
...Модар ҳолиё дер кард. Баҳор аз остонаи дар чароғи ба чӯб насбшудаи ҳаётаро фурӯзон дида, ҳадаха либос пӯшид. Каштал дар гӯшаи ҳавлӣ дум меликконд.
Писарак даричаи чӯбинро оҳиста боз кард ва як чашм пасу як чашм пеш аз кӯчаи хилвати деҳа ҷониби овоз шитофт. Бошаст медавид. Нолаи най тарсу ваҳмро дар дили ӯ кушта буд. Бошитоб, афтону хезон медавид, писарак. Қабкеро мемонд, ки қафас ба ҷонаш зада, пайти муносиб ёфтӯ ба суроғи ҳамчинсонаш баромад.
Маҳтоб дар осмони соф чун киштие рӯи баҳри кабуд
шино дошт. Ҳишир-хишири баргҳои сафедорони ду тарафи роҳи хокӣ ба хомӯшии атроф нуқта гузошт. Чароғи ходаҳо аз партави маҳ нур мезудуд. Аҳли деҳа дар
хоби ноз. Оби чӯи калони саргаҳи пахтазор якмаром
ҷорист. Дар он сӯи рӯд гулхан месӯхт. «Обу оташ. Ободӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё