Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

меоранду харобӣ ...», — аз дил гузаронид писарак. Нолаи най форамтар шуд. Хурӯши марди аламзада буд он. «Ӯ ба деҳаи ҳамсоя омада бошад?—ҳамин зайл фикр кард Соҷида. — Най дар лабҳош тӯтии гӯё мешавад, тӯтии гӯё... Худозадаам. Ҳамболини худамро дар пеши хосу ом сияҳ кардам. Хушдоманам тилло будааст, тилло! Безорам аз ин танҳоӣ! Танҳои, танҳои...» Ӯ мисли мурғи посӯхтае, ки лаб-лаби чӯи об медавад, бесаранҷом шуд. Чароғи долонро гиронду ҳавлиро аз як сар давр зад. Паси кохдон, тори болохона, байни ҳели гӯсфандон ва даруни чакдонро дид, ки лаб назада бошад. Нишонае наёфту болои суфаи баланд баромада, рӯ ҷониби ҳаётаи хомӯш садо кард:

— Баҳор, ҳо-о, Баҳор! Биё, дар торикиҳо нагард! Биё, ки саг омад, мехӯрат. «Ваҳ, рӯм сиёҳ, бачаро бо дасти худ химчашапу девона кардам-а? Ҳамагӣ як лаҳза гузашт. Ӯро деву париҳо бурданд-чӣ?» О, Баҳо-о-ор! Биё, дигар намезанамат, би-иё!...

Садое не. Фақат хеле дертар Каштали хапгир гӯшхароштар чаккид. Ва Соҷида навмедона аз суфа фуромаду дари хонаи хоби кампирро кӯфт, писарчаашро пурсид. Нигоҳҳои кинаҷӯяш аз модар ҳақиқат мехост. Имдодгаре ку?

— А, духтар, бачата соҳибӣ накунӣ, айбӣ мо...? Нигоҳаш одама канда мехӯра-е! Ту ҳам заб баҷае дорӣ, — аз пойгаҳи дар берун по намонда, сари лучашро бо қарси сафед пӯшонда, ба «хониш» даромад кампири Раҷабгул.

— Ҳе, очама бине, ҳелчаи муш намонд, кофтам. Нест. Вой, бачаи париварам-е! — нолаю ғирев бардошта, рӯю мӯй канд Соҷида. — Дар нимашабӣ киро пурсам? Бачама париҳо бурданд!...

— Э рангаш дар мазори Хӯҷағойіб ун хел сагераи беатара! На оча ҳол дораву на мома. Дар сари мо хар ба лағад заду шумоҳоро овардем. Худамон камӣ мекардем,

пешина
аз 139
навбатӣ