Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо Сокинаморо азодорӣ мекардед...
— Ҳа, шуд! Касрати сагераи ту ба мо расид! Набераи хушрӯякам бекасал мурд, ба авло нарасида.
— Ҳар кас ба вақту соаташ мемурад, оҷа.
— Ҳе, дар мотами сагераат бишинам, насиҳатгарам! Сиёҳпичча, бетоқат шуда бошӣ, ба суроғаш баро!
— Аз шиддати ғазаб дари хонаро бошаст, чунон сахт пӯшид, ки аз болодары он як похса лойи хушк парид.
Пораи лойи хушк ба замин ҳам не, рӯи панҷаҳои поин кампир афтид. Раҷабгул нолаи ҷонгудоз баровард.
Духтараш аз даричаи бози ҳавлӣ чашм намеканд. Овози гиряи баалами кампирашро шунида, Гадозода осема челакашро чаппа пӯшида, ҳашшаскунон бадар ҷаст.
— Чӣ шуд кампир? Барои чӣ мегирӣ? Ҳа? — аз китфони вай дошта, ӯро ба по хезонид пирамарди хушомадгӯ. — Илоҳӣ, дар мотами ин сагера бишинам, аз нав фиқ-фиқ кард кампири пурмақр. — Ай рӯзе бехосият ба хона по монд, баракат парид. Ҳолӣ духтари бевамондаат хушма ба тап гирифт, як похсаи барзангии тори дар болои панҷаҳаком омада зад. Э вой, ҷони ширинаме, уфф-е... Ҳама духтар мебарора, роҳат мебина, мо бошем, дар чашми домод аҷинай мазор метобем ...
— Тӯғрӣ мегӯӣ, кампирҷон, ҳар вақте Соҷидаро бо кӯдакӣ ширхорааш меовардем, мотамхона мегашт, сарпаноҳи мо, — ашки набудаи кампири ҳилагарро гӯё бо лаби челакаш пок кард мӯйсафед. — Баъде ӯро хонааш мебурданд, тинҷу осуда мешудем. Сиёҳпичча, ягон кал ё кӯр биоя, бепул медиҳамат. Бетоқат шудай, кӯча баро...
— Сагерааш гум шудааст, ниқор ай мо мегира!
— Чӣ-й? Қай, куҷо гум шуд бачааш?
— Як лаҳза пеш... ба ҳота рафтам, биоям, нест!
— И-иъ, девона аст ё ҳушёр? Мағзи сари хараш-ку надодай? Ҳм, бачаат дар пеши чашмат гум шавад-а!
Хай, чӣ истодай, рафта кофта биёр сагерата!...

пешина
аз 139
навбатӣ