Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳай мӯйсафеди соддаи-да, ғами ҳамаро мехӯрӣ!

— песонд пиракиашро момо. — Сагераи бадбахт паривара шудааст. Гум шава, хурсандаму хафа не. Бимира, парвое надорам!...

— Э кампире! Дуои бадаш накун... Бихез, - хона рафтем, — локиашро гирди камари миён сустак баста, илтиҷо мекард Гадозадаи пир.

— Ришдароз! Сад бор гуфтам кори худат бикун?— пиразани бадафт ҷазбӣ шуда, чор тараф гарданак мезад.

— Ҳато гуфтем, узр! — пирамарди чоркадшуда чанд қадам ақибнокӣ рафт.

— Даҳанам ай гапзанӣ мӯй баровард, бихез ба суроғи «дарди сар» баро!

Ва Соҷида дар ин мурофиа худро мағлуб ҳисобида, оби дидагонашро бо нӯки рӯймол ҷаббида, пайкарашро аз ҷо вазнин бардошт. Ҳамчунин бо сари пурсавдо гирёну нолон аз дарича берун шуд. Дунёи ношиносе ӯро дар пеш аст, дунёи танҳоию малӯлиҳо.

Маҳтоб ҳамранги ҳамсояҳои гӯшбақимор аз як гӯшаи осмони беканор ба ҳоли ӯ нигоҳи раҳмоваре дӯхта буд.

Имшаби деҳа сокиту ором ва рӯҳафзо буд. Аз оғози шаб нолаи дардхези най ба гӯш мерасид. Чи манзараҳоеро дар таносубаш ғунҷонидааст, ин оҳанг! Наворо шунида, ба зиндагии шоирона, зебо ошиқ мешавӣ, дар назди модарон бори ҳазорум сари таъзим фуруд меоварӣ, тифлакони маъсумро бағал мекашиву ба мардони асил ҳамд ва номардони мунофиқ лаънат мехонӣ, ба занҳои бовафо садоқат изҳор менамоию аз хиёнатгарсонаш аҳд меканӣ, алқисса, оташаки муҳаббати ҷовидро ба ояндаи дурахшон фурӯзон мебарӣ.

пешина
аз 139
навбатӣ