Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
— Оҳ, хок дар сараме, талхакаф шудам. Дар ними шаби куҷо меравӣ, бачам?
— ... пеши атаам.
— Ата надорӣ, биё пас бигард, о, садқаи бачаа.
— Дорам!
— Надорӣ!
— Дорам, дорам, чӣ мегӯй?
— Наход, бача гапи очаша нагирад-а? Баҳорҷон бачаи гапдарояст, дигар ин хел намегурезад, ҳа?...
— Мегурезам! Ту очаам нестӣ.
— Ҳе, бобот велосипедҷаат харидааст!
— Безорам! Атаам ку?....
— Гуфтам: ата надорӣ!
— Дигаро доран-ку?
— Ту ба дигарҳо кафилӣ? «Ман зинда бошам, дар умрат ӯро намебинӣ». Бифаҳм: туро аз тайи як бутtai хуҷ ёфтаем. Хуҷак!
— Фиребгар! Ана, гӯш кун, нолаи наяш...
— Касе най бикашад, атааш мегирӣ? Ранги шӯи холаат бисёр...
— Зодӣ накун! «Атаат дар аскарӣ» гуфта фиребам нате. Маълими «хониш» гуфт, ки «атата ба майлис биёр».
— Чӣ? Ягон беадабӣ кардӣ?...
— Не, ҳеҷ кор накардам. Бобом дар мактаб як ҷобак мавизу ду ҳамел пистаам дод...
— «Мӯйсафеди беимоне, хабараш додӣ?» Кадом бобот? Дигар бобо надорӣ.
— Худакам ҳамаша медонам. Ата ҳам дорам, бобо ҳам!
— Э бас-е! Кадом рӯз худама алов мезанам..., — овози пурэҳтироси ҷавонзанро мавҷҳои рӯд ба комаш фурӯ бурд. «Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ».
— Оча, рост бигӯ, ма бачаи кӣ мешам? — по бар лаби симтӯри пул ниҳод писарак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё