Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Уф-фф ... биё, пас бигард. Девона шудаам! Биё, бачам, о, дар қадакат бимирам-а. Ба хона, ки расидем, ҳамаша ҳикоят мекунам.

— Дурӯғ мегӯӣ! Худама ба об мепартом! — фиғон бардошт писарак пояшро болотари симтӯр гузошта.

— Биё, дастам шиканад, ки сояи чапалоқат намекунам. Биё, рафтем! — модар аз якравии Баҳор ва ба симтӯр якбора часпиданаш ба таҳлукаи сахт афтод. Гирист. Аз дасти кӯдаки зӯъм ҳар кор меояд.

Нолаи най поён ёфт. Рӯд мастона хурӯшид, кафк зад. Писарак нарм шуд ва ба маҳтоб даст афшонд, ки ягона ғамгусори ӯст. Аз баҳри суроғи падар баромадчӣ? Не. Вай ба умеди дарки ҷудоияш аз падар дудила пас гашт. Ва модару писарак хомӯшона роҳ сипариданд. Чун вориди ҳавлӣ шуданд, саги малламӯи пешонисафед ба истиқболшон дум ликконд. Баҳор ба Қаштал дерест унс гирифта. Момои лапғаш гаҳвора мечунбонд. Гадозода аз сари хоби ширинаш нӯшина меситонид. Ҳокимчаи «дунбахӯр» хуррок мекашид.

— И сағераи дайду дар кадом гӯри кӯҳна буд? — бо ситеза пурсид занаки кулӯлаи хомфарбеҳи маҳсипӯш аз гаҳвораҷунбонӣ бозмонда.

— Дар сари пули дарё, — ҷавоб дод духтараш, лаб лесида.

— Чи-й?! Дар сари пули кадом дайро?

— Дарёи Сурхоб!

— О, тухмаат дур шава-е!... Чӣ мекофт дар сари пул? Ҳе, духтар, кар шудаӣ чӣ бало?!

— Намедонам, аз худаш пурс.

— Якбора ай сари пули Сирот атата наёвардӣ?! — ишора ба Баҳор киноя зад хомфарбеҳи маҳсипӯши сарсафед.

Писарак дар остонаи дар малӯлу сархам, бо дидагони пурнам меистод. Авзои ночӯри кампир симхоре буд пеши роҳи ӯ. Чи хубе, момо ба хонаи дарун гузашт.

пешина
аз 139
навбатӣ