Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Писарак чунонки аз китфаконаш бори гаронеро фароварда бошанд, нафаси осуда кашид. Маҳтобро ҷӯст, аз болои бом гузашта буд. Хоб надошт, хиёлан сувори пушти падар «чу-чу-у, чух!» — гӯён «аспак»-ашро обхӯрӣ мебурду гоҳе чун афсари мусаллаҳ бо садои «ких-х!» ӯро аз таппонча мепарронд. Ваъдаи лаби рӯд ба гӯш, Баҳор аз модараш пурсид:
— Оча!
— ...
— Э, хобат бурд?
— Ҳе!
— Мешнавӣ, овози най..., — рӯ ҷониби рӯд ба забон овард писарак. — Оча, кай ҳикоя мекунӣ?
— ...

Модар ғусса хӯрд, ки ҳафт сол писаракро мефиребад. Имшаб наметавонад, зеро Баҳорро баҳори тарсуиш гузашта. Оббо, ғарами назарфиребиҳош месӯзад. Сарашро ба сангҳо бизанад ҳам, Баҳор на ба зориву на ба зӯриву на ба зар моил намешавад. Гӯё пайкари рехтаву болобаланди Толиб аз дурии дуриҳо садо медиҳаш: «Ҳолиё ба бачам дурӯғ нагӯй-а!» Ва модар ин карат лоилоҷ, хеле оҳиста гуфт:
— Бихез, он рӯзгорро ҳикоят мекунам.

....Он шаби боронӣ ба таваллудхона афтодам. Ту ба дунё омадӣ. Аз хурсандии беҳад аз ҳуш рафтаам. Субҳидам мадору дармонамро санҷида, ба берун бинигарам, касе бо бағали пури гул рӯи харак нишаста. Рӯз ҳолӣ сафед нашуда буд. Ҳаври часпидаи болои шишаи тирезаро бо рӯймолаке пок карда, дурусттар бинам — чеҳраи шинос! Чатр дар сар дошт ӯ. Маро диду синохт, чизе пурсид. Ҳине «бача таваллуд шуд!» гуфтам, чатрашро як сӯ партофта, арғушт рафт. Ҳама аз тирезаҳо сар бароварда, дар каллаи саҳарӣ арғушти бепул тамошо мекарданд. Як ҳафта пас дар «Волга»-и сафеде туро хона бурдем, ки бахти сафед биёбӣ. Эҳ,

пешина
аз 139
навбатӣ