Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Забонамро аз ҳалқам бурида, ба пеши ягон саг партоянд, кам аст. Хабаркашиҳом дар дили хонавода тухми кина кошт. Чилрӯза нашуда будӣ, ки очаам омад. Дар хок биравад, баъзе таомулҳои ношудӣ мо!
— Гаҳвора оварда маърака мегузаронам, — гуфт кампири момаат.
— Хола, ҳозир пурра кӯчида наомадаем, — маслиҳат кардани буд падарат, лекин давоми суханаш дар даҳонаш монд.
— Меорам, меорам! — қатъӣ гуфт кампири момаат. — Ҳолӣ сабр бикун, сагераи гарданғапс даҳана-та медаронам. Оҳо, ту ба одамат бозӣ дорӣ!
— Хайр, биёр, зид нестем, — розӣ шуд падарат, — боз як андеша бикун...
Аз ҳамон рӯз авзои кампир дигар шуд. «Одамӣ ширихомхӯрда» будааст. Нофаҳмида ба оташи кинааш рӯган мерехтам. Фирефтаи гапҳои шайтоно шуда, ишқи поки Толибро пушти по задам...
— Ӯ дигар наэмад?.. — бо шавқи бемисл ашк дар мижгон пурсид писарак.
— ...намедонам.
Ва як ҳиссаи шаб мегузарад, суолҳои писарак охир надошт. Ҷавонзанро ғанабаш бурд, ки пурсишҳои баъдина дар сандуқи дили чигарбандаш қуфл зад... Баҳор сабук аз ҷо хест. Чироғи ламраи тоқҷаро кушт. Нурҳои маҳтоб рӯи шишаҳои тирезаи хона шикаст. Нӯк-нӯки по нарму бесадо ба остонаи дар гузашт. Ҳаво соф, шаббодаи фораме мевазид. Хирмани ситораҳо! Ситораи аз ҳама рахшон ба ӯ чашмакӣ мезад. Каштали малламӯ дар пойҳои Баҳор печида, вангосзанон гирдаш тоб мехӯрд. Мегуфтӣ ҷонвари безабон аз дарди дили ӯ бохабар аст.
Нолаи най аз нав бо таронаи рӯд омехта, дар синаи шаб танин андохт. Хурду калон соҳиби ин оҳангҳои марғубу дардолударо мешинохтанд. Дар мавзеи Санг-

74

пешина
аз 139
навбатӣ