Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

дара танҳо Толиб метавонист ба ин тариқа хушсадо най бинавозад. Писарак танбадариро баазобе бероҳа карду бошаст гурехт. Пешпо хӯрда меафтиду мехест ва боз медавид. Хумори дидори найнавоз писаракро далер карда буд.

Баҳори хурдсол сангвараро ба ҳоле паймуда, як фарсах дуртар пули баланд намудор шуд, пуле, ки шабону рӯзон роҳакиёнро ба ду самт мегуселонид. Ӯ ҳашшаскунон то назди поймонакҳои борику ларзонаки пули рӯд бирасид. Бигзарад ё не? Навои най ӯро ҳамвора сӯяш мехонд. Рӯи поймонаки аввалини пул баэҳтиёт по ниҳод. Писарак зинапояҳоро боло шуд. Истод. Аз баландии пули борику ларзон чашмаш ба чароғи насбшудаи ҳавозаи ангури як хонаи деҳ часпид. Ва гулхани афрӯхта ба дилаш рӯшанӣ рехт. Ғайрати писарак афзуд. Ба зер нигарист. Оби рӯди Сурхоб ба ду соҳил кафк зада, мехурӯшид. Он ҳама андӯҳ ва тарсу ҳароси «меросдеҳ»-и модарашро ба рӯд партофт, ки оҳе сабук бикашид. Нолаи най...

Гулхан хокистар гашт. Писарак сӯи чароғи фурӯзон бе шарфаи по меомад. Вай аз сари девори ҳаёт ҷаҳида, так-таки он рафтан гирифт. Аз пушти шишаи тирезаи ҳуҷра марди хушсару либоси тануманди пешонифарохи уқобнигоҳе болои тахти баланд, рӯ ҷониби сомеъон най менавозад. Гирдогирдашро мӯйсафедони солхӯрда ҳалқасон печонида, пас аз мақваи ҳар оҳанг сарчунбон, ашк дар мичгон, дастҳо пеши бар нимхез мешуданд. Баҳор аз паси тиреза бесаранҷом қад кашида, ба навои муассир гӯш фаро дод.

...Найнавоз оҳангашро ба поён расонид. Хомӯшӣ. Пиразане, ки рӯи долонро тарк гуфта, дер боз қатори пирамардон менишаст, — ёди аскари гумном момои Санифаро азоб медод, — ҳиққас зад, талх гирист. Соҳибхона ҷомаи зарбофтеро ба китфони найнавоз партофта,

пешина
аз 139
навбатӣ