Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
мегирист. Гоҳе назди табиб мебурдандаш. Чун кабкро медид, ором мегирифт. Падари дардошно ӯро хубтар мефаҳмид.
Нағмаи кабки қафас бори гаронеро аз дӯши падар бармефиганд. Токҳои хушкидаву раддавакҳои печидаи рости тирезаро миқроз мезад, ки дар ҳуҷраи ҳамсоя рӯшанӣ бидамад. Барои кабк барги шулҳаю алафи сабз чида боло баромад.
Ба таблиғи падари писарак дар майдони хонаҳо кати болопӯш сохта, гоҳи фориғ аз кор ҳамсояҳо ҷамъ меомаданд. Имшаб Раҷабалӣ дер кард. Вай мудом бо сухане шакаромез, шоҳбайте хотирнишин ҳозир мешуд. Чироғи маҳфил аст.
— Домулло, бачаҳои низамона намехонанд. Бачаи худамро дар назар дорам...
— Ҳа-а.... — ба хаёл рафт Раҷабалӣ, — дарди ҷомеа ҳамин аст. Пештарҳо бобоёни мову шумо «Қуръон»-хон будаанд. Шабро сари мутолиаи ашъори ҳикматомӯзи Румиву Хайём, Низомиву Бедил рӯз мекарданд. Ба таки сари тифлон, дар гоҳвора девони Ҳофизро мегузоштанд... Бачаатро пурсидай, ки дар умри сараш чанд китоб хондааст?
— Ба Худо не, — ҳиҷолат кашид Сафари милиса. — Мурғфарёд мебароям, нимишабӣ бармегардам, ки хобанд.
— Ана, дидӣ? То кай ба гузаштаҳои худ менозем? Акнун фаҳмидӣ, ки сатҳи саводи мардум чаро паст рафтааст?..
. — Дар бесаводии бачаҳои мо шумо, муаллимҳо, айбдор! — гӯё далели мӯътамад ёфта бошад, сиёсат кард милиса.
— То мактабравӣ манбаи тарбияи бача куҷост, медонӣ?
— Боғчаи бачаҳо! Эҳе, муомилаву сару рӯи мураббиҳошна бибинӣ, ҳуши сарат мепарад...
Гилаи Сафар-милиса ҳавой набуд. Ин маъниро Раҷабалӣ ба тазбире, аз он тарафаш гузашт. Вале муаллимон ҳам гунаҳкор нестанд. Охир, то мактаб наврас чанд зинаро мегузарад. Омӯзгор дониши ӯро сайқал медиҳад, ба қуллаҳои илм қутбнамо мешавад.
— Моҳи беайб нестем, — иқрор кард ҷавонмард, — аммо дар тарбияи фарзандон оила макоме дорад, бештар. Истисно аз панҷ—шаш соҳати дарс бачаат дар хона — назди волидонаш мегардад ку.
Аҳли маҷлиса афкори ҷавонмардро ҳақ, оиларо гаҳвораи парвози инсонҳо ҳисобиданд.
...Дар синаи шаб майна об мекард Раҷабалӣ Камол. Аз китобҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё