Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Гирифт. Баъд - чӣ? Подабони аҳмакро саводаш нест-ку. Торхон асабаш ларзид, «наметавонам» гуфт. «Одами калон» ранҷид, бале, сахт ранҷид ва бадқаҳр хеста рафтанд.

Қалами дасти ӯ болои қоғаз намедавид. Аҷабо, ин балои ногаҳонӣ аз куҷо омад? Ғайраташро кушт. Беадолатиҳои рӯзгор аз навори назараш гузашт. Чаро бедардӣ ба ҳамагон ёр шудааст? Дина дар сафҳаи рӯзномае ба ном ҳикояеро хонд. Сатрҳои носуфта табъашро мисли рӯғани загир гирифт. Тасвир беранг, баён муғлак, забон фач... Аз меҳрдорон дилаш монд. Қоғази бечора. «Мурод аз навиштани ҳикоя ин тадқиқи бадеии зиндагонист» — шунида буд аз адиби маъруфе. Ӯ ба варақҳои даридаву зарднами китобҳои уламо ва удабо ба ҷони сӯхта нигоҳ мекард. Бегуноҳони сарбурида. Ғарами китобҳои безавол гӯё месӯхт. Китобҳо пеши ӯ хун мегиристанд. Ва рӯди пуркафқи хун метохт ба пеш, мардумеро, ӯро обӣ мекард. «Китобҳои шаҳид, варақҳои шаҳид...» — фишӯр мехӯрд дилаш.

Ҳа, аз бедардии бедардон ӯро дард ёр шуд, рӯҳаш кохил. Чизеро намеписандид, одам намефоридаш, танҳоӣ меҷӯст ва дар кунҷи узлат «афсона» мегуфт. Чӣ афсонае? Аз хона намебаромад. Хаёлан роҳӣ мешуд аз миенаи боғ ҳамӯшу андешаманд сӯйи коргоҳ. Раҳ мерафту дасти росташ ҳамоно пеши бари чапаш меҷӯнбид, молиш мехӯрд. Таки ин даст пораҳаки дилест бекина, беолоиш ва дур аз ғамюзиҳо. Ҳамонро, ки шояд аз сиёҳрӯзиҳову номуродиҳо ба танг омадаву меларзаду фиғон мекашад, нарм мекунонад. Ҳамонро, ки аз табиати намозӣ шод мешаваду бо бархӯрди ҷумлаи дурӯғин баҳашм меояд, силӣ мезанад, «ором шав», — мегӯяд. Ҳамонро, ки дар ғами ҳамагон месӯзаду тору пудаш азалӣ нек сириштаву иншоаллоҳ, маҳкам бофтааст, ба умеди рӯзҳои офтобӣ тасалло мебахшад...

Ғамгусорон медонанду роҳашро, ниёзашро. Аз алами корҳои нотамомаш обу адо мегашт, дар пиндораш лахт-лахт ҷигараш мерехт болои дафтарҳо. Ба чӣ ҳавасҳое ба миён рахтӯша баставу озими раҳи пуршебу фарози илм шудааст. Наход аз корвон ақиб монад. Чонаш сӯхта-сӯхта, сиришкдонае ғалтид рӯйи варақе, сиришки ормонӣ, арғувонӣ.

Яқбора зи ман меҳр буридаст фалак,
Озори маро ба ҷон харидаст фалак-ро навмедона,

пешина
аз 314
навбатӣ