Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
аз олами худсӯзиҳо алам бардошта, исёнгарона мехонд Раҷабали Камол.
Дарди дил ба сар печид. Модари бузургвор таскинаш мебахшид. Анқариб чизе намехӯрд. Аз «афсона»-гӯнаш ҳама сер шуд. Ёрони ғамшарик ҳар рӯз ба дидорбинияш меомаданд. Таъкидашон якто буд: ҳарфе дигар махон!
Чеҳраҳои азизро медиду рақибони номардро мекушт. Ҳамон шабу рӯзҳои вазнини ҳамқисмати бовафояш қаноти ӯ шуд. Вай базӯр таъом мехӯрондаму либос мепӯшондаш. Ба тӯйи дӯсту ҷанозаи душман рафта наметавонист. Мотамсарое буд дунёи ӯ. Фақат даст болои дил мемолиду менолид аз гардуни каҷрафтор.
Аёми рӯҳафтодагӣ як дӯсти ғамгусораш аз кӯҳистон ба умеди рафъи заъфи дили бемор кабкҷӯчааш овард. Худаш ба афти бенураки ҷонвараки бепару бол хандид. Нигоҳи меҳрубонаш аз вафо бол пӯшонд варо. Ба ҷавонмард кабкҷӯча не, гӯё асп ҳадя карда бошанд, хушҳол гашт. Ба обу нондиҳӣ, хору моли паррандаи зебо рӯзро шаб мекард. Инак, «афсонаҳо»-яшро ба «меҳмон» мегуфт. Чӯҷатак оҳиста-оҳиста дамсози ӯ шуд. Дилшод номаш биниҳод. Дар долон шолча партофта, косачаҳои обу дону нонреза мегузошт. Рафтори ӯ дигаронро ба тааҷҷуб меовард. Раҷабалӣ мехост кабк тезтар сияҳнӯлак шаваду рӯ-рӯи хона бидавад, бихонад, ба тани дардмандаш роҳат бирасад. Кабкҷӯча тефаконашро ҳаво медоду болои сафедхок мелӯтид. Гардиш мехӯрду рост омада дар бағали ҷавонмард муҳ мезад. Оромона аз нуқтае чашм намеканд, саракашро ба пушти дастони мардак мемолид.
Дар сафари дигар ҳамон дӯсташ барои кабк қафаси пурнақшу нигор тарошид. Ҳай хурсанд шуд ҷавонмарди ғамзада. Рӯзи хонаободии ин зайл шодӣ накарда буд. Боз дилаш намешуд, ки каби озодаро дар қафас асир бигирад. Хости табиат ҳамин, хоҳ одам - хоҳ ҷонвар бояд сарипаноҳе дошта бошад. Зеби кабк адир аст. Вай риш тарошида, сару либоси идона пӯшид, пасон кабкро оромона дошта, ба қафас андохт ва узромез гуфт:
- Дар хоначаат дам бигир! Зиқ, ки шудӣ, даратро мекушоям. Гирди сарам чарх мезанӣ. Фаромӯш накун, ки субҳидам маро аз хоб ту бедор мекунӣ. Хониши ту доруи дилу ҷони ман аст.
Кабки қафас хониш мекард. Ин оворо ҷавонмард кайҳо пазмонӣ мекашид. Бештар дил бохт ба Дилшод. Донист, ки кабк

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё