Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамроҳи ӯ, дамсози ӯ ва дилбози ӯст. Лаҳзаи хобиданаш мардак беқарор мешавад. Гаҳӣ орамидани қабк ӯ ором намешиҳит. Рӯ меовард ба чақомаҳои шайх Аттор. Аз дастнависҳои қадима хазина месоҳаст. Аслан Раҷабалиро ноҳаққиҳои замона ба ин варта фиганд.
Бист баҳор пеш дар хеш бозсозӣ карда буд. Аз пораҳои ганҷи парешони ниёкон таҳти унвони «Дилрезаҳо» баёзи хурдаке тартиб дод. Ва гаҳӣ орамидани қабк, фиғони бедардҳоро бадард мекушт.
...Уф-ф, қабк аз овози соҳибаш бедор шуд...
Табиат ҳама чизро ба ҷойи худаш мегузорад. Ҷавонмарди фозил пас аз тансиҳатиш ҳокими як гӯша ба риояи қонуни кишвар шуд.
Дури дур аз коргоҳаш оромгоҳи марди шарифест, ки аз мамолики хориҷа ҳамасола ба зиёраташ меоянд. Раҷабалӣ Камол ҳар сол ҳини дамгирӣ ба зиёрати ӯ Бузургвор меравад, ба даври мақбара гардиш мекунад. Ва дар гӯшаҳаке ба арвоҳи хокшудагон дасти дуо бардошта, аз Худои ломакон омурзиш мехоҳад. Хати насхи даври санги табарруки аз Ҳиндустон овардаро ба дидаҳош мемолад. Аз рӯҳи пуртавони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - оне, ки беш аз сад асари илмию фалсафӣ таълиф кардаасту дар олами ислом қутби ҷовидонаш парастидаанд, оромиш мехоҳад. Ин санги муқаддас ёдгорест аз рафтагони мо.
Ба ҳикояте, замоне санги табаррук санги сари роҳи ҳокимони давр буд. Ганҷи «номатбӯъ»-и яктоннагиро пора-пора бурдан мехоҳанд. Санги мармар базудӣ намешиканад. Тӯдаи низомиён санги муқаддасро мебаранд ба милисахона. Ин замон гирдбоде бархоста, шохаҳои чиноронро баҳам мезанад. Аз танаи дарахтони захмин шираи сурх мегаровад. Замин ҳайронна меларзад. Мардум аз ваҳм ба даргоҳи шариф банадомат гиребон мегиранд, ки хатошонро биёмурзад. Санги бегуноҳро ба ҷояш оварда мегузоранд. Дарзамон гирдбод аз важидан мемонад.
Дертар, қабк арӯсак шуд. Эҳ, қашанӣ метобид. Ҳасудонашро кушта-кушта мехиромид. Харидорони зиёде пайдо кард. Ранҷид Раҷабалӣ Камол, ки асло нахоҳадаш фурӯхт. Дар бари поҳои ҷонварак ба нишони қабкони ҷангӣ пех баромада буд. Сафари милиса, ки дасти чапаш якзайл андаруни ҷомааш меҷумбид, ҳамранги довталаби асосии маърака шӯр бархезонд.
— Таъриф ҳам ба ченаш-да. Чӣ, ягона қабки хушрӯву ҷангара азони Раҷабалӣ будааст? Не, хобатона ба об гӯед! -ба хандаи хунук

пешина
аз 314
навбатӣ