Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
бехосият куштааст. Ҳай хомхаёли соддаам...» – мушт мекуфт ба зонуҳош. Пушаймониро суде ку?
Хуршед аз болои дараю оббурдаҳо доман кашидаву кулчаи ширмол тобида, одамонро то рӯзи нав ҳайрбӯд мегуфт. Шафақаш хирмане буд сурхи тиллоранг. Вале хуршед низ тирафомӣ мегирифт. Бародарон подаро ба масофаи шаҳ наздик ҳамбониданд. Аз кӯҳпояҳо поин нашуда, бар-бари шаҳи дӯнгидорро бодиққат нигаристанд. Лона не, як ҷойи ҳамвор менамуд. Нигоҳшон ба уқобе часпид, ки болаш маҷрӯҳ, печутоб мехӯрд. Уқобчӯҷаҳош ба тани модар нӯл зада – нӯл зада рост истода наметавонистанд. Уқоби хуншор боли маҷрӯҳашро базӯр ҷунбонда, чӯҷаҳояшро паноҳ мекард.
«Оббо-о, ба уқоб тири хато задаам... Дар хуни чӯҷаҳош зомин шудам. Не, рафта уқобу бачаҳоша мегираму ба хона мебарам, табобат мекунам...», – маломат мекард худро Сайндӣ подабон.
Ва, ӯ аспи ҳушёрро пас гардонда, сӯйи пайроҳаи шаҳгузар маҳмезаш зад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё