Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

«— Зинда бод, шоҳи мулк!»

«— Мо бо Шумойем, Салимхӯҷа!»

«— Даври ваҳдати ягонагӣ расид!»

Шоҳи пир ба муроди оромиши халқ ангушт боло карда, ба ғайрати тамоми гуфт:

— Беҳуда зӯр мезанед. Шоҳи ахирзамонам, кор карда метавонам!

Ба ӯ созтар менигарам. Не-е-е-ь, наход Салимхӯҷа, бубахшед, амаки «чуғз»-е, ки ба Кӯкалтош хондагӣ рафта буд, ҳамин бошад? Ҳамонест, ки чоплусона ба сари тахт-муллои гӯрсӯхтае оммаро тилисм карда?— омадан мехоҳад. Бар-бараш силаҳдорону хоҷибоне ҳифзаш мекунанд. Чашмони суп-сурхи ғайриоддӣ ваҳмовараш хаёл медузад. Абрӯвони ранги пахол зард, бинии гурбасон шукуфта, вале нӯкаш хам, гардани кӯтоҳ ва қади калтаву паси дамидааш дар пероии шоҳӣ ҳам зеб надорад. Мегуфтӣ, ба рӯбоҳи тухмдузд либоси шоҳи бешаро дӯзондаанд. Аммо ҷамъи силаҳдорон дар ихтиёри ӯанд, мулк зери тасарруфи ӯст. Ба маконе чувол-чувол озуқа мефиристад, мардуми бенавос лаб мелесад. Муштариёнаш садои мунтантани «Дар зери ливои сурх ба пеш...!» — хоб мебинанд.

Аз як имои абрӯи Салими «чуғз» ба таки поҳош курсӣ мегузоранд, ки қадаш то ахири майдонҳо битобад. Ба дурбин саф-сафи одамонро нигоҳ давонд. Дилашро ваҳм зер кард. Ҷавонмардоне ба пешонӣ латтаи сурх бастаанд. Кӯдаконро побараҳна дид, пиразанҳову мӯйсафедонро ҳақиру нимгурусна дид, гадоёнро тефкашолак дид, оби дидаҳошонро чӯборак дид. Бале, ин ҳамаро диду хашм андохт. Нӯкарон ҷумбиши абрӯи шоҳро хостанд. Ва ҳине эътирози хосу ом ба авҷи фалак расид, абрӯи зарди шоҳ ҷумбид.

— Та-та-та-та-та-а!!!

Борони тир сукунатро шикаст. Издиҳом рӯёрӯи тир мерафт. Тирпаронии майдонро ғарқоби хун карду Салими «чуғз»-ро мамнун. Майдонҳо аз мурдаҳо пур шуд. То абрӯи соҳиби мулк наҷумбид, тирпарронӣ қатъ наёфт. «Чуғз» ҷондоронашро ба оғӯш кашида, фармон дод, ки ба ҳар яке аз хазинаи подшоҳӣ маблағи нақд супоранд. Хизматашонро умре фаромӯш нахоҳад кард.

Мулк мотамзада буд... Соҳибони мурдаҳошонро базӯр ёфтаву кафан наёфта, тарсида-тарсида дар хилватгоҳ калимаи шаҳодат хонда, бурда ба хок месупориданд. Як рӯзи маҳшар шуд ба по!

пешина
аз 314
навбатӣ