Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Мо дигар маҳв намешавем.
Пораҳои «Авесто» нолаҳои даргири аҷдодамро наҷвое ба боди саҳрогард қисса мехонанд.

Фонуси шаб ба раҳи озодфикрон ҳамвора нур мепошад.
«Оташ бас!» - и ҳаммаслаконро қариҳҳо пас ба абераю чабераҳо афсона мегӯем.

Ливои худшиносӣ дар бинои механдорон алвонҷ мехӯрад.
Корвони одамон ҳар сол ба зиёрати Маккаву Мадина муттасил омадан доранд.

Худоё!
Афсона мегӯям?
На.
Хуки сурхмӯй дар ҳоли раҳравӣ дигар пофишорӣ накарда, гӯсфанди кар мегардад. Ҳафт пуштам ситоиш мешунавад. Халосӣ ку биёбад, ҳадятгирро гардан намедиҳад. Бобои Деҳқон ҳам аз мор осонак фанд хӯрда буд. Раҳм аз ман мегурезад ва хуксавор меоям ба беша.

  • Солҳо ба рӯ чаро ниқоб мекашидӣ?
  • Мардумро дар тилисм нигаҳ медоштам.
  • Чолуят қорагар буд?
  • Ба табиатшон ҳисси тарсуӣ шиштааст.
  • Чӣ рақам одамонро хонавайрон кардай?
  • Ҳисобаш гум.
  • Дуои вуболако туро гирифтааст!
  • Вовайло!

Он хуки сурхмӯи бадҳашмро паси дунбаи дамидааш хала зада-хала зада ба майдоне меорам, ки бешагиҳо исён доранд. Шоҳро мехованд, шоҳе, ки акаро бо додар, апаро бо хоҳар ҷанг андохту гурехт. Бешагиҳо дар сурати ман мӯъҷизаро мебинанд, ки чӣ тавр хуки ваҳширо гардонда овардаам. Анқариб намешиносанд шоҳи бениқоби гурезаро.

  • Шинохтед шоҳатонро?
  • Гумаш кун, хуки муттаҳамро!
  • Ҳамонест, ки шумоҳоро ба нестӣ мерасонд. Овардамаш. Чӣ ҳукмаш мебароред?
  • Сангсор! Сангсо-о-ор! Санг....

Якум пас даррандаву хазанда, паррандаву чаранда аз бехи

пешина
аз 314
навбатӣ