Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

БАХТИ АВВАЛ

Шаби васл буд ҳамон шаб. Ба ҷуз шамъи ҳуҷраи шоҳу арӯс чароге намесӯхт.

Аҳли табор пас аз адои хизмат ба хонаҳошон рафта буданд. Хоб надошт модари Лутфулло. Меҳмонҳоро пешвоз гирифту нону намак дод, ба қадри тавон сару по пӯшонд. Аммо кораш бо ин буд нашуд. Дар готи пешин арӯсро намешинохт. Тавсифашро росту дурӯғ аз дигарҳо шунида буд. Ӯ гӯё дар шохи ниҳоли мазоре бо тавбаву надомат латта баставу арӯс не, фариштаи осмонӣ оварондааст. Мӯҷиби умум сафед кардани арӯс буд. Ба амали хайр ҳеҷ кас теша намезанад, қаҳри парвардигор меояд. Ситоиши ҳусну малоҳати Зикамоҳи ҳаждаҳсола андар забонҳо вирд мегашт. Охирин пайванди арӯс - момои ӯ кулбаи бесоҳибашро баҳона карду рафт. Ин рафтор ба дили модари бача оташи сӯзон рехт. О, аз рӯи таомул шаби аввал бойистӣ як тан аз наздикони арӯс хонадонро тарк намегуфт. Модари бечора дуиболан моҳи шима мерафту меомад.

Рӯзона ба пешвозу гусели меҳмонҳо овора шоҳ зери чодарро ҳамагӣ як маротиба дид. Ҳине Лутфулло ба таки чодар сар хаст, арӯс дарзамон нӯки ангуштони пойи ӯро зер кардан хост. Бачамард ин амалро хеле моҳирона - пеш аз вай анҷом бахшид ва ба тасаввур тамоми умр хӯҷаини хона шуд. Зикамоҳ дар навбати худ бо вуруди наздикони шоҳ бармехосту ба амри яке меништ. То ҳамин ҷо аз озмуни ақлҳо гузашт.

Арӯсро аз нишастану хестан ва ё хаёлоти ширини рӯъёмез буд, ки хастагӣ ғолиб омад. Хост лаҳзаяке сар ба болин гузораду оромиш дарёбад ва баъд ба истиқболи хонагиҳо сабук бархезад. Аммо хобу марг бад-баробар аст, то кӯфти рӯзона набарояд, ба тезӣ барнамехезӣ.

Шоҳ дар қасди бедории ӯ интизор шуд.

Хонаро шамими тези атрогин печонида, ба нафасҳо нороҳат мерасид. Ширинии беш нофорам аст. Аз чодару болиштҳои пари ку, болипу қолинҳо атр мехест. Атрборон кардаанд, кошонаро. Лутфуллоро ҳавои берун форид, вале арӯси ноомӯхтро танҳо гузоштан норавост. Бархосту рӯ-рӯи ҳуҷра гом бардошта, чи орзуҳое ба дил мепарварид. Модар ҳам рӯ-рӯи долон қадам мезад.

пешина
аз 314
навбатӣ