Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Гардиши бачаашро дида, аз ҳаё худро паноҳ кашид. Шоҳ назди болинаш баргашт. Арус масти хоб буд. Олиҳаи ноз бо карашмаву истиғно табассум дошт, аз чизе не, аз касе гашаш меомад. Ҷавон акнун ба зулфи пареши ӯ панҷаи навозиш мерасонд, ки аз олами рӯё ин садо бишнид:
- Га-мам надеҳ, Раҳ-мон...
Панҷаи меҳр карахт монд. Лутфулло ба соҳиби овоз нигарист. Арӯс дар хоб истиғнои бепоён дошту муқовимат мекард ва Раҳмони набударо аз хеш меронд. Аввал ба маънии соҳиби ном сарфаҳм нарафт. Худаш ҳам баъзан хобҳое мебинад, ки дар бедорӣ хандааш меояд. Бо одамоне вомехӯрад, ки ҳафт пушти ишонро намешиносад. На, ба сараш фикри мағшуш зад, якбора ӯро ҳушдор дод. Ба танаш ким-чӣ хел рашҷа давид, маҳзун шуд. «Худоё, моро аз чашмони бад нигаҳ бидор! Раҳмонаш киясту чӣ кора, аз кай ин ҷо пайдо шуд? Ё дар хонадони арӯс кӯдаки шилкину нағмагарест, ки дарди ҳиҷронаш ӯро безобита мекард? Раҳ-мо-он...» - паёпай наштар мезад ба тани шоҳ номи бегона.
Аз тақконе арӯс бедор шуд. Олами рӯё фаромӯш кард, шум дид Раҳмонрову дунёи нав дарёфт. Ду тани ташнай висол мисоли гулҳои ошиқи печон ба ҳам печиданд. Лутфулдоро ҳавосаш пареш, як навъ нороҳату осема буд. Соидахон сафеди арӯс ба гарданаш ҳамоил, ҷунунаш меафзуд, авҷи мастиш мегирифт. Ва чун тайёрасаворе, ки дар фазои ғуборолуда ба тӯлаи ғафеи абрҳо бармехӯрад, пеши дидагонаш шаби тор гардид. Либосҳояшро пӯшида, чароғро гиронд. Корди дудаман болои токро чангида, дари хонаро маҳкамтар пӯшиду зулфайнашро андохт ва болои сари арӯс баргашт.
- Беному-ус !! Ин чӣ аҳволе?! - наъра зад навшаҳи хона муштонаш гиреҳ сӯйи духтари беисмат.
- Э-ха, ҳақта гирифтӣ, боз чӣ?
- Ҳаққи ҳалол мехоҳам, на ҳаром!
- То ҳамин рӯз аҳалол омадаам.
- Раҳмонаш кӣ?
- Кадом Раҳмо-он?!
- Холиё дар хоб гуфтӣ-ку.
- Намешиносам ӯро.
- Рост бигӯй, ҷон басаломат мебарӣ. Агар не, даҳсола ҳабсам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё