Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
бигиранд, мекушамат. Бихез, аз ҷоят чалаби расво!! — Шоҳи ростина кордро дар маки арӯс монд ва баданаш ларз хӯрд.
— Накуш маро, воқеаро мегӯям...
— Ҳарфе зиёд магӯ.
Арӯс хаёле ба андеша гаравид. Гиреҳи масъаларо кушодан душвор буд. Ӯ зонувонашро аз оғӯш раҳо дода, оби чашмонашро покида-покида гуфт:
— Раҳмон ошиқам буд, якҷо хондаем даҳ соли бутун. Шабу рӯз медавид аз пасам. Дӯсташ медоштам...
— Баъд чӣ шуд?
— Боре, ба боғи хоҷагӣ олучинӣ рафтем. Офтоб то гуруб қади як найза баланд буд. Зану мард ҷӯяҳоро тарк гуфт. Дар гӯшае танҳо мондем, рози дил гуфтем. Пасон, Раҳмон ба бағалаш кашидам, шаҳди ҷавонӣ чашидам. Аҳд баста будем, ки хонадор мешавем.
Хостгорҳои ӯро ҷиҳати камбағалӣ модарам гардонд. Хун гиристам, гӯшам накарданд. Ана, ҳамин хел, ихтиёр дорӣ.
— Биҳез, либосҳота пӯш!
— Корда бероҳа гузор. Чӣ кор мекунӣ?
— Ба ҷойи хоҳарам бошӣ.
Ва Лутфулло дарзамон берун ҷаст. Волидайни хоболударо наздаш хонд. Фаҳмонд, ки арӯси таърифишон бакорати духтарӣ надорад ва ҷойгаҳи озодаро нишон дод. Диданд, ки матои сафеди оҳарини рӯйкаши болин доғ назадааст. Чора чист? Гуфт, ки шабошаб ӯро аз хона меронад. Чӣ мегӯянд? Ҳам падару ҳам модар аз ҷой наҷумбиданд. Холаи Нозигулро бовар наомад, чаро ки бори дигар ҷойгаҳро аз назар гузаронида, болиштҳоро такуру сохт.
Ниҳояти кор, ба ғалати рухдода бовар ҳосил карду афсӯс хӯрд.
Бобои Алӣ аз хароҷоти барзиёдаш месӯхт. Ӯ ин миқдор маблағро аз ҳисоби хӯроку пӯшоки фарзандҳош зада, ба таъбире ёфту тофташро дар об партофт. Аз ибтидо розӣ набуд ба ин кор.
Нозигул даҳонашро баст. Куртаҳои қимматбахову зару зевар форидаш, ана, ба чӣ рӯз расиданд.
Мардак чашми рӯз накафида, аспашро афзор зада, сӯйи хонаи духтардор чорнаъла тозонд. Соҳибони арӯс хавотир кашиданд.
Омаданд. Модари Зикамоҳ бе оби чашмон мегирист, ки беисмати дар ҳаққи духтараш тӯҳмат аст. Кӯчагарду рухбоз набуд, Зикамоҳи ӯ. Савганд ба номи авлиёву анбиёҳо, то ҳол саргаҳи деҳаро надидааст. Илоҳӣ, қисмати бадшон бисӯзад-е. Онҳо бо андакмундак

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё