Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

одам салом намедиҳанд. Ҳай дареғ, духтари берӯзӣ дар хонадони бадгумонҳо афтод. Бӯҳтонро бишнавед! Хубаш ҳамӯш биситанду гапро ба даҳони дӯсту душман тоз надиҳанд, агар не, исбот мехоҳад, далели тиббӣ.

– Ҳой, Зикамоҳат бақорати духтарӣ надорад!

– Забонта нигаҳ бидор!

– Мемурди айбша мегуфтӣ? Тухми шикаста ба кӣ даркор?

– Тухм ҳамаш як! Арӯса нахоҳӣ, бачата бигӯ сараш диҳад, чизу чораша бор карда мебарем.

– Бева, тез бо духтарат дафъ шав, ки ҳардутона мекушам! – дарҳаш пеш омад Лутфулло, ки падар дами роҳашро баст.

– Аввал ду ҳазор доллари амрикоия нақд ҳисоб карда те, сар доданаш ду карат ду, - паст наомад модари бача.- Ба ҷойи оби додаам рӯған, бар ивази бузам гӯсфанд мегирам. Ҳа!

Вай кадом як Раҳмона нағз медидааст.

– Инаша аз куҷо донистӣ?

– Ӯ дар хобаш гуфт.

– Мо бедориро қабул дорем.

– Ҳақиқат ҳам ба хоб меояд.

– Духтар ба ҳукми кабкҷӯҷа мешавад. Айбаш наҷӯй, тарбияташ бикунӣ, фоидаи бачадор. Кабка рамондӣ, парида меравад.

– Пардаи исматаш дарида, ме-до-нӣ?!

– Аёми балоғат шайтон фандаш задааст.

– Бева намегирам, ба шайтон бурда те, кабкҷӯҷата.

– Бисед, машварат мекунем,- адовати тарафайниро фурӯ нишонд падари Лутфулло.- Оби рехтаро ҷамъ кардан - мушкил. Духтартатона ба як обрӯйи муҳаммадӣ гирифта баред. Аз рӯи инсоф панҷсад долларро тани хароҷоти хешигарӣ бахшидам. Боқӣ, маблағи додаамро тез баргардонед. Розӣ набушед, ба даъвихона мекашаматон.

– Асписавор бошӣ ҳам, лаҷом зери дасти мо меҷумбад. Ба Маскав биравӣ -чӣ? Биё, худрову моро ғам надеҳ. Як тини зардакат намедиҳам! Игвогар! Э-э, духтара бардор-бардор меоранду боз сиёсатшона бибин. Ҳм, духтар набудааст! Ну, и што?! Барои сагиран ту соҳибҷамол биҷоям. Зикамоҳе, куртаҳота ғӯҷа банд.

– Бисёр натарсон, ҳарчи мехоҳӣ, майдон аз далер аст.

– Эй, асписавор! Обрӯма назди ҳаққу ҳамсояҳо нарезон, ки

пешина
аз 314
навбатӣ