Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Омада-омада пеши поҳом дуқад мезанӣ. Амре дорам, ки якумр пиёда мегардӣ-а!

Ваҳҳоб Судурӣ аз таъҳну маломатҳо ва неши забони шаввозҳо ҳазар мекард. Магарам баъди ин шармандагӣ ба маъракаҳо наравад ё аз деҳа бикӯчад. Мудири ҷамъияти матлуботи ноҳия гуфта мошинсавор мебаранду месорандаш. Зикамоҳ ба бадноми маҳзул шавад, ба номи хоҳарони ӯ талабгоре аз паси хонааш намегузарад. Бачадорҳо кунҷков мешаванд. Ҳафт пушти арӯсро таҳу тагас карда, пасон, ба остонаи даре по мегузоранд. Ба таъоми магасзада кӣ даст дароз мекунад? Духтарони хушкаду қомат бисёранд, лек на ҳамашон бофиросоту боҳунаранд. Эҳтимол аз сад чанд нафаршон разъорянду боиффату порсо. Як олимҷаванда мегӯяд, ки ҳини побарҷоии давлати шӯравӣ ба ҳар мард чорзанӣ рост меомад. Ӯ ин суханро мастона не, аз рӯи таҳқиқи сотсиологӣ гуфтааст.

Гулхани моҷаро сари молу маноли бачадор тезӣ мегирифт. На духтардор ва на бачадор аз аспи ҷаҳл намефуромаданд. Барои Ваҳҳоб Судурӣ ду ҳазор доллар-ку қадре надошт, аз шармандагӣ мевиречид. Сароғоз, ки савганд ёд карда буд, бо ду дасти адаб пулсупорӣ лафзаш мешикаст. Гарон аст, шикасти тавонгар ба ҳузури камтавон. Ва, дар ноомади кор Нозигул таънаҳо мезад осонак сарфуроришро.

Соҳибхонаро гӯё худо дода буд, ки ба саҳни ҳавлӣ шерона мегуррунгиду боло мерафту пойин меомад. Ҳамсояҳои дарбадевор дар торик-торики рӯз аз сари сафилҳо калла мекашиданд. Хабари нохуш зуд паҳн мешавад. Беисматии духтари Ваҳҳоб Судурӣ низ дар они воҳид рӯшан гашт. Сияҳкоронаш аз корвони мӯрчагон бештар буд. Занҳо дар як зум ба ҳавлие сарчамъ омада, аз ин боб машварат меоростанд. Ҳамин беисматию бебакоратии духтарро ба пойи модари ӯ мечаспониданд. «Падаргар якто, модаргар — ҳама гар» мисол мегуфтанд.

— Ошно, биё гардани шайтона бишкан. Мо ҳам ба худ обрӯ дорем...,- ба зорӣ мегуфт духтардор.

— Чизу чорамано нимбайъ баргардон, сулҳ мебандем.

— Чӣ ба ӯ сулҳу салоҳ мегӯӣ?! Аз рангу раҳмони духтараш безорам. Бигӯ, зудтар кӯч барбандад, ки хунаш мерезонам. Бева мегирифтам, кӯчаҳо пур буд. Ба хушдори духтараш зомин нашав.

пешина
аз 314
навбатӣ