Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳушдо-о-ор! О, дар ҷавонӣ кӣ ошиқ надорад? Очаи Зикамоҳ сӣ талабгор дошт, сидқан хизмат кард, нағзаш дидам. Бадномира аз ҳавлӣ набарорӣ, сари сол мошини сабукрават мехарам. Хӯрокаву пӯшокатона худам мерасонам.

— «Волга»-аш меорӣ? — мазоҳ кард мардаки воҳимачиро аз паси девор Бобоҷони Самеъ.

— «Мерседес»-аш мехарам! — боварбахш гуфт Ваҳҳоб Судурӣ рӯ ба овоз.

— Чилу пӯстакта бикаш, ҳаромзода!! — бонг зад Лутфулллову корди говкуширо аз гилоф кашида, ба сари якшаба хусураш ҳамлавар шуд. — Хокатон паст будааст. Агар пеши назари одамҳо шимата кашида... шармсорат накунам, ба сарам рӯмол мебандам.

Занҳо аз навори бепул завқида, ҳай кайфият мебардоштанд. Бобоҷони Самеъ аз сари девор хез гирифт ва бо як ҷаҳиш корди дасти писари соҳибхонаро зада галтонд. Мардаки аз санъати ҷанг бехабар дар зарбаи нахуст аз ҳуш рафт. Обаш пошиданд, ба по хест. Зарба сустнамо, вале ба раги хоби пешонӣ бархӯрда буд. Пайи мушт сиёҳу кабудӣ надошт, ки Ваҳҳоб Судурӣ хати тиббӣ бигираду даъво бархезонда, муттаҳамаш гардонад. Ӯ аз латхӯрӣ не, ба ҳузури одамон ранги чуволи коҳ галтиданаш алам мекашид. Шиносонро аранге мешинохт. Аёли бобои Самеъро ҳамболини худ ангошта, ҷисмашро ба оғӯши ӯ партофт. «Уӯӯ, туҳмат дур шавад, маймуне, заната намешносӣ?!» — гӯён рӯяшро ба остин пӯшонида, дар пушти одамон паноҳ кашид зулфбурида Раҷабгул.

Ваҳҳоб Судурӣ пай бурд, ки фарҷоми кор ба таънасориву девонагӣ мепечад, ба ҳамроҳонаш фармуд, ки ҷиҳози арӯсро болои мошин тал бичинанд. Зикамоҳ мегирист, модар куртаҳои ӯро бӯғча мебаст. Афкори мардуми омада дарҳам-барҳам меомехт. Занҳо холаро нихта мекарданд, ки то духтарашро сар надиҳад, аз ҳавлӣ набарорадаш. Фардо ягон зангир биояд, дари бахташ баста мемонад. Кадомӣ мусалмон дари хонаашро мекубад? Дар никоҳи нағзаста талабгор намеояд. Зеро, тарафайн ба саршон гуноҳи азим мехаранду бас. Занаки маҳтали ишораро ин панд хуш омад, ки мегуфт:

— Сар деҳ, духтарама, ҷавонамарги беимон?!

— Не-е-е, хоб мебинӣ!

пешина
аз 314
навбатӣ