Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Илоҳӣ, асло рӯзи нек набинӣ, бача. Духтаракма байни роҳ мондӣ.

— Бевас, дума хода кун, ки мурдата мебаранд.

— Э, парвардигор, хабари маргата бишнавам, ормон надорам.

— Дами нафасат пок мебуд, ба духтарат покӣ мерасид...

Ҷиҳози арӯсӣ берӯзӣ бор карда шуд. Раҷабгули зулфбуридаи вусмакашида якзайл дуҳои бад мегуфт. Ваҳҳоб Судурӣ нигарони саворшавии духтару модар чакқаҳои сарашро молида-молида лом намегуфт. Зудтар аз ҳавлӣ пай канданшон орзуи хонавода буд. Арӯси бенсмат рӯзи рӯшан тӯъман гандида метобид, ки ҳама аз вай рӯ тофта, ҳархела қиссааш мебофтанд.

Мошини пурбор монандӣ одами бемор ба роҳ баромад.


Кам не, ғам не, як умри бачаи мактабрав паси сар шуд.

Ҳавои бороний ба шасти мошин халал мерасонд. Шишарӯбакҳои резинӣ қатраҳои барфолударо бероҳа дошта, пеши чашмҳоро мекушод. Борон пуриштиддат меборид. Зеби баҳор боронасту барф кӯрпаи замин. Лутфулло дида буд шоҳборону аёми барфбодро. Мавридҳое нимашабӣ ба хона бармегашт. Фотиҳаи падар «дур бираву амон биё!» ба гӯш, баэҳтиёт меронд мошинрову роҳи морпечи ағбаро меандешид. Ағбаи «Марг» номаш буд. Чи ҷавонмардони нозанин дар ин роҳ зиндагиро падруд гуфтаанд. Панҷараҳои чоркунҷа миёнашон сангдор нишона аз фоҷеаи онҳост.

Лашкари ғубор пойин мефуромад. Мошинҳо чароғхон наздикшон гирён суст меомаданд. Чаро ки барф торафт ба замин часпида, замини лайс ва фармон берун аз фармони шофирҳо мегашт.

Лутфулло нигоҳаш ба дуриҳо, бахт аз таваккал баэҳтиёт пеш мерафт. Ният дошт, ки ағбаро ба рӯшанӣ барояд, ҳолати техникии мошинро аз назар мегузаронад. Гапи хона ба бозор рост наомад. Бибинед, борону барф бас набуд, ки фавҷи ғубор ба атрофу акноф печиду ҳама ҷоро кӯракистон кард. Ӯро муҳим аст масофаи мушкилро бомаҳорат биспарад. Аз бетолей мошин аз кор барояд, ҳафтаҳо аз ағба берунравияш даргумон мешавад. Ахири баро-барои зимистон ҳамин-да, соле то гулшукуфти шафтолу барф меборад. Беҳуда нагуфтаанд: «дар вақти гули кавар, яха заданд ба табар».

пешина
аз 314
навбатӣ