Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Ака, то Заролубоға мебарӣ маро?
- Зуд бишин, ки шаб шуд, - хадаха кард ӯро ронанда. - Мо ку ба зарурат баромадаем, ту чӣ, бемор дорӣ?
- Ба хатнатӯйи бачаи амакам хешомонро хабар кардам. Шумо ҳам марҳамат, шӯрбои тайёр...
- Мо ҳам шӯрбои бепул кофта гаштаем. Шукри Худои рӯзирасон...
Бо раҳнамоии бача мошин паси дарвозае қарор гирифт. Даробурои одамон анҷом надошт. Ҷавонҳо ба хонаҳо табақ кашонда, омадаҳоро ҳайрамақдам мегуфтанд. Мусофири хунукхӯрдаро ба ҳуҷраи гарм гузаронида, дарҳол таъом ва ба лаълини калоне мағзу мавизи тоза овардандаш. Нигоҳҳои ноошно ҳар дам ба рӯяш давида, чӣ асрор меҷӯстанд, номаълум. Ӯ гоҳе нороҳат шуда, беқарор меҷумбид. Мӯйсафеди ҳампаҳлӯ сӯйи дастархон мурооташ мекард. Ҷавонмарде бидуни талкини комширин сохтани навомадаҳо аз нуклу наво, ҷониби ҳамсояҳо миннатпазир сар ба зер овард. Одами хушбахти маърака ҳамон буд. - Муборак шавад, ошно! - садо мехест аз қадрдонҳо.
- Шумоён ҳам ба ин рӯз расед, - дастҳо пеши бар, мешукуфт чеҳраи соҳибхона.
- Дар ҷиллаи зимистон маъракагузароният нафорид моро, - димогаш сӯхта посухи пухта хост пирамарде. - Хурсандӣ ҳам бо офтоб зеб дорад.
- Бале, гапи Шумо ҳақ, - тасдиқ кард ҷавонмард, - лекин занак сахт гирифт, ки нони мардумро пештар додан лозим. Гапи ӯ - қонун, ҳарчӣ гӯяд, ҳамон мешавад.
- Зани ту ҳам доност, - абрӯвони ғафсашро молида, ба болишт қачпаҳлӯ зад бобои Ҳисор, ки бо соҳибхоназан риштаи таборӣ дошт. - Медонад, ки дар хунукӣ одам камтар ноихӯрӣ меояд.
- Мумкин чунин бошад!
- Нав ба ёдам зад-е, омада шиштаам, ҳолӣ ӯро табрик нагуфтаам, - мӯйсафеди шӯхнамо аз амали хеш хиҷолат кашид. - Ку ҳамшираи мо? Бигӯ, берун биояд, муборакбодаш бигӯем.
- Зикамоҳ! О, Зикамоҳ-е...
Бо шунидани номи ошно ҳавоси Лутфулло пареш хӯрд. Гӯё касе мепоядаш ин ҷо. «Зикамоҳ?» - суол медод ба худ, вале аз ҳароси ниҳонӣ сар боло карда наметавонист. Дасташ андарӯни табақ меҷумбиду наволааш ба даҳон намеомад. Сармои берун баҳона,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё