Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Осмон немерасад, бечораҳол аз мӯйсафедони давра хоҳиш кард, то фотиҳаи дастархон бигиранд. То манзил роҳи дарозе дар пеш аст. Соҳибхона ба якравии ӯ эътибор надода, рафтанаш намонд. «Сафари шабона хосияти нек надорад, - раддия пеш ниҳоданд солхӯрдаҳо, - рӯз шавад, баҳузур хеста меравӣ. Дар мулки мо меҳмонро аз хона пеш намекунанд».

Меҳмон сухане намеёфт, ки солмандонро сари андеша биёрад. Шаби зимистони қаҳратун бо мошини нимсозу вайрона ба куҷо ҳам мерафт? Аслан дилаш ҷойи дигар мехост. Лоақал ӯро як хона он сӯтар, ба ҳавлии ҳамсоя бибаранд. Дар хонаи бахти аввал хобаш намебарад. Аҷаб коре шуд ё ин бозии тақдир аст?

Шаб рахти хоби Лутфулпоро паҳлӯи меҳмонони баиззат дар ҳуҷра кушода густурданд. Одатан то хобравӣ меҳмонҳо аз ягон бахши зиндагӣ сӯҳбат месоянд, ё ба ҳикояи маргуб хонаи дилро рӯшан дошта, бо умеди субҳи мусаффона бароҳат чашм мепӯшанд. Баъзеҳо аз бекорӣ асли насаб, хонаву дар ва сарнавишташро ҷӯё шуданд. Ҳамаашро рост, бахти аввалашро дурӯғ гуфт. Хуб, ки дар мавзеъ ғайри Зикамоҳ касе намешинохт. Ҳамроҳонашро хоб бурд, ӯ нафаси осуда кашид.

Чароғро хомӯш карда бошанд ҳам, ӯро аз изтироби афзун дил метапид. Хаёлан болои курпачаҳои маҳмалин ё фуфайкаи аскарӣ не, сар-сари чӯрзҳое хобидааст, ки ҳар замон ба танаш мехалад. Шаби тӯяш бо Зикамоҳ ҷилвагарӣ мекард. То фарои субҳ хоб ба дидагонаш меҳмон нашуд. Имшабу ҳамон шаби арӯсӣ дилгиру ба дарозо гузашт.

Субҳ надамида, берун аз рӯи барф сафедгуна метобид. Лутфулло дар ҳоле ки меҳмонҳо масти хоб буданд, оҳистаҳак бархост, либосҳояшро пӯшид ва бе шарфан по берун рафт. Рӯяшро бо кулӯлаи барф шуст. Ҳушёри ҳушёр шуд, мотори мошинашро ба кор даровард. Азбаски дар ин хона намешинохтандаш, ба наздаш ҳеҷ кас намеомад. Танҳо Зикамоҳ бармаҳал хеставу зарфҳои боқимондаро мешуст, яке рафтанашро дид. Лутфулло чанде аз оина наззорааш кард. Ҷавонзан аз дастархон чизе печонида, ба гуселаш баромад. Боз таҳаммул андаке нигоҳаш дошт.

Омад Зикамоҳ, то назди мошин. Бори аввал, баъд аз бист соли ҷудоӣ бо табъи хуш ва таровати тозае баргашт. Як ҷаҳон гуфтаниашро бо нигоҳи беолоиш ва хандаи беғаш гуфт. Ҳарду аз якдигарӣ ҷовидона миннатдор буданд. Ва ҷавонзан гӯштпораҳои

пешина
аз 314
навбатӣ