Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Пухтаи дар нони чаппотӣ печондаашро ба меҳмони ба ҳукми тасодуф омада дароз карда гуфт:
— Бигир, дар роҳ гушна мемонӣ. Насиба будааст...
— Нону намакат хӯрда, метарсам, ки тез-тез меоям.
— Ҷавонмард будӣ. Миннатдорам, ки маро бо бахтам пайвастӣ!
— Худо ростиро металабад. Ҳалолат бод, хоҳари азиз!
— Зинда бошӣ!
Ин фурсати умр барои ду тан афсона буд. Зебандаву фиребост, агар нерӯманди ҳақро дастболо бибинӣ, ба моли ҳалол хиёнат нарасад. Ба таъсири шамол аз ҳаво гули барф бознигарон омадан дошт. Ва ба мижгону абрӯи ҳарду сафедӣ мечаспид. Хонаи дили ҳарду гарму осуда буд.
Ҷавонзан то ғоибшавии мошин рӯи роҳи пурбарф ба оинаи аз назарҳо дури дур даст меафшонд...

пешина
аз 314
навбатӣ