Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ГУМОНЗАД
Асадӣ Паймон — ҷавонмарди миёнаумри қоматбаланди хомфарбеҳ, ки мӯйсари сиёҳи рӯболо шоназада, бинии шукуфта, шиками саҳл дамида ва болои лабаш ба шакли хол мӯйлабча дошт, замоне ҳофизи номдор буд. Ҳаводорони овози форамаш ӯро ба маросимҳои хурсандии мошинсавор мебурданду пас аз тӯй ҳамон зайл — ба пойафзораш гард начаспида, ба саҳнаки ҳавлияш оварда ба таъзим мефуроварданд. Тӯйдорони раҳдури хонаашро кофта-кофта суроғ меомаданд. Вай ҳам якбора дастҳо пеши бар «мо ба хизмат таёр!» намегуфт. Аввал ҷиғот андохта, ба таъбире худро ширин мекард. Чӯпқиву ҷиқора будани тӯйдорро фаҳмид, шабона танҳоии занашро узр пеш мениҳод. Ҳине соҳиби тӯй хизматро ба ҷону дил қабул мекард, даври лабони ҳофиз аён ханда медавид.
Ба ёддошти баъзеҳо ҳофиз базмҳоро зери ҳавои фалаки даштӣ обод мегирифтааст. Мардум аз овози ширадораш нашъа мебардошт. Ҳофиз бидуни таҳсинҳо аз ҳунари худододаш фахр мекард. Мудом дасти рост дар миён, бо хандаи базӯракӣ дандонҳои тиллоашро намоишкорона лесида-лесида бошитобу ҳавой-ҳавой раҳ мегашт. Войе, агар ҳофиз медонист рӯзе овози ширадору форам тану тӯши зеборо тарк гуфтаву ҷояшро як садои ҳиррию хафифи шабеҳ ба куд-куди мокиёни курк фаро мегирад, чароғаш дар об мезанад, ҳаётан парҳези мастӣ мекард.
Ҳолиё ин ҳофизи замоне шӯҳратёр сари он андеша меронад, ки шаби тӯйи ахирин базми дакадангро чӣ дастур гузаронида, ҳампаҳлӯи кӣ биншаставу чӣ ошомида буд? То нафасе одамизод рӯи замин мегардад, ба қавли саҳеҳ дӯстдустдорӣ аз миён нахоҳад рафт. Ҳофизони кӯчаку бузург шефтаи садои ҷаззоби афсунгар ба дунёи рангинаш мегаравиданд. Ва боз ҷавонҳои навбаромад бо ҳайати созӣ дар маъракаҳо аз овози ҷарангосии Асадӣ Паймон ҳасудомез ранг бохта, аҷаб не, нохалафе... дар пиёлаи чой ба вай сурма дода бошадо?
Оҳ, чӣ андоза базмороӣ буд, аҳли давраро сӯяш мекашид, рӯи роҳаш гул пойандоз, аз саҳна хандон-хандон мефуромад.
...Ҳофиз масрур буд, ки ӯро ҳокими шаҳри калон — шахси мӯътабаре ба тӯйи ягона духтараш даъват кардааст. Даври

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё