Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
имтиҳони ҳунараш фаро расид, то нишон бидиҳад ӯ кист, маҳорат дорад ё не? Боисти маъракаро чунон обод бигирад, базм битафсонад, ки умре аз ёди Ҳотами Қудрат наравад, ба истеъдодаш саногӯ бошад. Ва боз одамизодро некиро пос медорад, Асади Паймон подоши хидмат аз ҷониби ҳукумат унвонеро комгор хоҳад шуд. Ҳамааш вобастаи дастаи ҳофизону раққосаҳо аз ҳофиз талоши ҳамвора мехоҳад. Мешавад, ки маҳз дар ҳамин маърака аз ҷузъитарин имкон истифода бикунад. Яке зарби оҳангро ноҷӯр созад ё бадрӯ бирақсад, табъи меҳмонони олиқадрро меқононад ва обаш ранг намегирад. То як ҳиссаи шаб сари ин мавзӯъ реҷа кашиду хаёлан маъракарой шуд.
Тайи андешаҳои муассир бо пахши мусиқии рӯҳафзои бомдод аз хоб хест, ҳофиз. Сару рӯй шуст, дигарбора риш тарошид, назди оинаи барқад ба гиребони пиҷҷаку куртаи сафедаш атр пошид ва сабти овозашро баҳаловат гӯш андохту «Қанд бизан, Асади Паймон ба ин овозат! Ана, овоз ин хел мешавад!»- нашнохт худро ва баландгӯякро тоб дода, ҳамзамон афзуд: - Ту ку аз имтиҳони калонҳо мегузарӣ, лекин дастаи навозандаҳо-чӣ? Вой бар ҳоли бандаҳои шири хомхӯрда! О, Шодии қоки дарозро хумори дойразаниш биояд, бехабар чанд пардаро мекафонад. Ӯро огоҳ мекунам! Ин тӯйи одами андак-мундак не, ки обро лой кунонда моҳӣ бигирем. Ё, Ризобекро бигӯ, сад гиром ба гулӯ бирезад, эхе, дунё пеши чашмонаш чархофалак мешавад. Зуҳуршоҳ низ аз вай мӯе накандааст. Аст. Ба худо, Бекмуроди мазангрӯ гапи дигар аст. Тавба, носро ба зери забон партофта, бачаи бодӣ як валаҳмате мешавад, ки мегӯй аз Ҳаҷҷи Акбар зиёрат омада бошад. Гиччакро дар бехӣ гӯш монда, баалам менавозаду гардани борикашро қозвор тоб медиҳад. Тобхӯрии гардани думчаи себрангаш боке не, рафта-рафта хоби масташ мебарад».
Ҳа, беқарории ҳофиз сабаб дошт. Ӯ дар тӯйи ягон соҳибмаком ин зайл шитобзада набуд. Шукӯҳу дагдағаи Ҳотами Қудрат қаҳрамонҳои афсонавӣ барин аз даҳонҳо гузаштаву чунон реша давонида, ки на ҳар беҷуръат помашро ба шикаст мегирифт. Берӯзиба ба «рӯйхати сиёҳ»-аш меафтид, зиндагӣ бароиш заҳр мегашт. Кай буд, ба дами селобаи ғазабаш дармондани мудири нуқтаи нафткаширо шунида, мӯи баданаш сих зад. Лоақал Сайато меранчондаш, қирони гап буд. Фурсате телефонӣ занг мезанад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё