Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳам ба ҳаркӣ муроҷиат намекунад.
— Базм кай мегузарад, акаи Асад? — аз машқи муттасил дилтанг ҷӯё гашт Париваши раққоса мӯҳои майдабофташро бонтоб пеши бараш партофта.
— Эй, духтари хушрӯ, «Турнаҳо»-ро зайле бираксед, ки дидагӣ одам қойил шавад. Болои танга чарх бизан! - ангуштонашро карсас занонд ҳофиз. - Ин таъкид ба ҳаматон дахл дорад-о. Ҷузъитарини хато каминаро аз пешравӣ бозмедорад.
— Наход бефаҳм бошем, аз мӯи сар зиёд тӯй рафтаем, — аз доирааш садо ҳезонда, нофорам гуфт Шодӣ.
— Ҳо, беҳад мефаҳмӣ-да, - киноя зад Асади Паймон бинӣ кашида. - Аз дасти худат доираи нав патондааст. Ситораи санъат!
Машқ дар хонаи маданият мегузашт. Ҳофиз ба нияти субҳонаи дастаи ҳофизону раққосаҳо хост ба чойхонаи боғ рафта, нонҳои гармаки кунҷитдор, ба зарфе қаймоқ, ҳам қанд бихарад ва якҷоя нӯши ҷон бикунанд. Баногаҳ дари тарабхонаро боз дид. Аз саҳни бино гузаштан замоно хумори нӯшиданаш боло гирифт, аз раҳравӣ бозмонд. Дар ҳуҷраи салқине ҷой гирифт ва ба пешхидмат фармуд, ки таом, косаи қаймоқ, газақ ва май биёварад. Қадами аввалро бардошт, форидаш бисёр бинӯшод. Баъдан, қадами дуюм, сеюм, чорум, панҷумро бардошту гӯё ба дунёи файласуфон ворид гашт. Асади Паймони пешина набуд, хешро аналҳақ шуморида, бо сояаш дар мунозира мешуд.
— «Эй, ҳофизи даврон, Асади Паймон!»
— «Гап зан, боз чӣ чив-чив дорӣ?..»
— «Медонӣ, мӯйлаби савлат ҷумбонда дар куҷо нишастаӣ?»
— «Дар тарабхонаи «Баҳор», ба наздам бодиринги намакину пиёзи анзур ва қадахҳо қатор...»
— «Оҳ, дилхушии олиҷаноб! Бигӯ, ба куҷо равона будӣ?»
— «Ба тӯи ҳокими шаҳри калон - Ҳотами Қудрат!»
— «Магар ба ӯ меҳр дорӣ, ки ба хизматаш меравӣ?»
— «Се ҳазор баргаки сабзи ваъдагиаш кашида мебарадам.»
— «Ба ҳофизон ҳайронам, ки пайи молу чиз медаванд, а?»
— «Бодавлатӣ одамро доно, дастонашро тавоно, бологузарӣ мазрақаҳо мекунад.»
— «Алҳақ, андешаҳои ҳакимона дорӣ».
— «Ҷумлагӣ дар олами танҳои ҳакимем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё