Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

сохт. Аҷабо, ё касе пай набурд ва ё дониста напурсид, ки сари ҳофизон чаро суп-сурх, маст омадааст? Оқибат ба ҷойи дутор ба қолибҳалта рубоберо базӯр андохт, нағунчид. Дигарбора зӯр зад, матои кӯҳнаи маҳмалин дарид.

Шодин қаддароз дастаро аз ҷумбуҷул боздошта, баланд гуфт:
— Э, бибинед, бечора дуторро аз рубоб фарқ намекунад-е!

Духтарони муштоқи шӯхӣ ба ҳоли ҳофиз ширин-ширин хандиданд.
— Аввал дойразаниро ёд бигир, — аз қолибҳалта сар набардошт Асади Паймон.
— Ба ҳар ҳол қолибҳалтаро накафондаам, — ба духтарак чашмак зад Шодӣ.
— В-оллоҳ, рост мегӯӣ дурӯғгӯ..., — аз ҷой бархоста натвонист, сараш чархид ва фурсате ба такяи рубоб истод Асади Паймон. — Сад сол бихонӣ, мисли акоят номдор намешавӣ! Аз дасти ту дойраи нав намондааст, қоки худозада!
— Акаи Асад, «Турнаҳо»-ро ба арқушти европоӣ иваз бикунем-чӣ? — бо нозу истиғно пурсид Париваш.
— Арака мо менӯшему ту гаранг мешавӣ. Мӯйсафеди кӯҳистонӣ рақси европоиро аз куҷо мефаҳмад?!
— Гапи Париваш рост, мудом дар тӯйи ҳокимшавандаҳо якранг мерақсем: турнаҳо, турнаҳо..., — дугонашонро дастгирӣ карданд раққосаҳо. — Ба диламон зад ҳамин «Турнаҳо». Кош, моро бебозгашт мебурданд, турнаҳо!
— Ба шумоён чӣ фарқ дорад, ки турнаҳоро мерақсед ё бошаҳоро? Маблағ ба даст оваред шуд! — алопеса нигарист ҳофиз ва аз қиса садсӯман шараққосиро бакибр намоиш дода, ба зоҳир панд гуфт: — Маънои зиндагӣ — пул, одами бепул мурғи беболу пар мешавад. Худи ман кӣ будам? Аз овози худодод ба дову дастгоҳи замонавӣ расидам.

Зиндагӣ саҳнаи дард аст, онро ба ройгон магузаронед, азизонам. Дар ин саҳнаи пур аз фоҷеаҳо нақш мебозему меравем. Бибинед, агар пул надошта бошӣ, ба толор ворид намешавӣ. Ё бидарҳои ҳам, аз хотирҳо фаромӯшат месозанд. Пул дорам, ки ҳокими шаҳр ба хонаам одам фиристод. Дар бузургит садқа, пул. Унвонро ҳам бардор-бардор меовардӣ, аз дунё беормон мерафтам. Ана, ҳамин хел, азизонам.

Дастон ҳофизон, ки дар ишқи пул рафта буданд, сӯҳбати

пешина
аз 314
навбатӣ