Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ғайриподшоҳ Асади Паймонро гӯш меандохтанд. То ҳатто Шодиш бетакаллуф аз «бум-бака-бум...» заданаш монд. Париваш аз пешниҳодаш ҳиҷолат кашид. Мегӯӣ ҳофиз шамъасту раққосаҳо парвонаҳои атрофаш. Чашмони хумораш мургак мерафтанд, эҳтимол як танро ду одам медид.

...Мошини қолинпӯш омад. Ҳофизону раққосаҳо ба курсиҳои роҳати пуштмонакдор вазн партофта, асбобҳоро чӯр сохта, равон шуданд. Болои фойтуни сечархаи пурнақшунигор Шукрона ва Дӯстмуҳаммад менишастанд. Пешопеши ронандаҳо бошад, Ҳотами Қудрат, алӣ ӯ ва фарзандонаш савори «Чайка»-ҳои хокистарӣ ба лабҳо мавҷи табассум, нигоҳшон ба рӯи мардум ва гоҳе сар-сари қуллаҳои кӯҳсор давида, душманонро кушта-кушта, якмаром ҳаракат доштанд. Ҳампахлӯи мошинҳои сабукрави лентаи сурхдор милиса мерафт. Бад-ин тарз шавкату шонашро намоиш медод, ҳокими шаҳри калон.

Шаҳриён ин рӯзро дер гоҳ интизор мекашиданд. Наздиконаш ба Ҳотами Қудрат даст меафшонданд. Дар нигоҳи раис одамон яксара суратанд. Ба суратҳо чӣ гап мезанӣ? Сару либоси завҷаи ҳоким оддӣ не, махсус дӯзонда шудааст. Гӯшвораҳои ангуштарини тиллоаш дар партави чароғҳо ҷило мезад. У-ӯҳ, дастпонаҳои заб-зардаш ба духтарони наздики давра хуш афтод. Ҳавас хӯрданд, ки якеаш банди дасташон мебуд, зиннатшон меафзуд. Аммо зани ҳоким ким-чи хел димоғсӯхта менамуд. Як олами пурасроранд, ин занҳо!

Ба нигоҳе «Чайка»-ҳо оҳувони рамандаи маст метобид, ки ба майдони гулбасар наздик меомаданд. Галогулаи нишотбахш ба фазо дакка зад. Селаи духтарони чаканпӯш ба истиқболи ҳокими шаҳр ва завҷаи мӯҳтарами ӯ нону намак ороста, дами роҳашонро бастанд. Соҳибони тӯй аз лаби нони нақшин бурдаяке ба даҳон андохтанд. Аз як нигоҳ абрӯи Ҳотами Қудрат ба сари гулдухтарон пул борид.

«Оҳувон» ба думболи фойтуни сечарха гирдогирди майдон хеле давр хӯрда, назди тахти перояаш зару зевар дам гирифта, хайрият, соҳибони тӯй по бар замин монданд. Пешхидматҳои дараҷадор батаъзим гарди пойафзори ононро ба миҷгонҳо молида, матои хушрангеро аз болои анвои неъмати мизҳои қатор боз карданд.

Зери танини мусиқори рӯҳбахш базм оғоз ёфт.

пешина
аз 314
навбатӣ