Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Наздиконаш ҳар замон пеши ӯ пайдо шуда, ба таъзим қадаҳ ҷанг меандохтанду мерафтанд. Мансабхоҷон бо ин роҳ дар ёди ҳоким нақш мегузоштанд. О, ин фиреби назар барои он буд, ки пагоҳ раҳбар дар қабулгоҳ бишносадашон. Тоифае ишками чаҳдегашро ончунон меларзонду мерақсид, ки ба рӯйхати одамони «худӣ» афтода, аз вазифа барканор нашаванд. Раис овораи хӯриш нафаҳмид, ки кулоҳи сараш кайҳо ба замин афтодааст. Агар занаш ӯро тунгӣ намезад, эҳтимол кафтараки сари кифти арӯс бинпастаро медид.

Ровии хушгуфтор ончунон ба ваҷд омада буд, ки аз ҳокими шаҳр як шахси ҳақназару ҳамадон, балки нотакрору қаҳрамон месохт. Ӯ аз ҳотамию қудрати соҳиби тӯй ва сарпарастиш ба зумраи раҳбарон қисса мехонд. Таъриф ба кӣ намефорад? Ҳотами Қудрат мағрур ба занаш нигарист. Завҷаи мӯҳтарама ба карашмаи хос нимнигоҳе карду лабпуртак зад. Ба назди ҳоким кам одамон наздик мешуданд. Сиёсаташ зӯр буд, ҷозибаи сталинӣ дошт. Ҳамонҳое аз раҳи бовар меомаданд, ки хизматшон ба ӯ расидаву гапи дилашонро бепарда гуфта метавонистанд. Асади Паймон ҳам худро як тан аз пайравони ӯ метарошид.

Хешони арӯсу домод ба навбат ба навхонадорон тани сиҳату хотири ҷамъ, бахти сафеду орзуҳои нек таманно медоштанд. Ва, ғайри барнома ҳофизи сархуш бе эълони ровӣ дуторро ба тори сараш бардошта, то миёнаи майдон омаду овозаш гирифта, ин зайл хонд:

Ҳе-ей, хуш мегузарӣ аз дараки идорае-е-е, ҳӣ-и-нъ, ҳӣ-и-нъ, ҳӣ-и-нъ...
Ҳе-ей, худ бехабарӣ духтар, э куштӣ мора-е-е-е, ҳӣ-и-нъ, ҳӣ-и-нъ, ҳӣ-и-нъ...
Ҳо-ой, мо қанди сафед будем рӯи лаълӣ-е-е-е, ҳӣ-и-нъ, ҳӣ-и-нъ, ҳӣ-и-нъ...
Ҳе-ей, накаут задаву об кардӣ мора-е-е-е...
Во-ой, Сафирмоҳи ҷон вусма накаш қошора-е-е-еъ ҳӣъ, ҳӣъ...!

Нидоҳои шодбош аз ҳар сӯ баланд шуд. Мардум нигоҳ кунӣ, то ин дам гӯё ҳофизро Надидаву номашро ҳам нашинида, чунонки паси парда мегашт, сархуш таҳсин мегуфтандаш. Ва ӯ ӯро масхара

пешина
аз 314
навбатӣ