Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

медоштанд? Ҳолати ҷунунзадан ҳофиз мардумро ба по хезонда буд. Асадӣ Паймон ба раққосаҳо абрӯ парронд, ки сӯйи саҳна биоянд. Субҳона, Париваш бо Хиромон аз оҳанги ба рақс ночаспон беҳӣгӯшӣ пичир-пичир карданд. Ҳофизи сармаст дарзамон оҳангро шӯхтар гардонда, яке аз боғ мехонду дигар аз роғ.

Зулфи сиёҳи зоғит,
Модар набиша доғит.
Модар бипа набиша,
Ошиқ набиша доғит-е-е-е..., — гӯён ҳофиз дуторро ба паҳлӯяш монда, дойраро аз дасти Шодии калдароз базӯракӣ кашида гирифту гӯшҳарош тап-тап зад.

Пиру барно аз тахти дил механдиданд.

Асадӣ Паймон ба пой рост истода натавониста, калов-калов дутор ба пушт, дар миёнаи маърака ба рақс омад. Агар аз ду ҷонибаш Зухуршову Шодӣ кӯмак намерасониданд, беғалат дар нисфи раҳ меафтид. Ҳофизро тефкашолак ба курсӣ шинонда, баландгӯякро пеши даҳонаш оварданд, ки гӯрӯғлӣ бихонад. Ҳолиё ба хониш напардӯхта, зимни ҷӯрсозии ду тор сари «ситораи тобон»-и санъат якпаҳлӯ бор гирифту андак монда буд парӯ бигалтад. Ӯро аз нав такт бардоштанд. Ин карат ганабаш мебурд, ки Шодии дойрачӣ гӯшасро гизала тофт. Вале ҳофиз се-чор бор «кҳҳ-пҳҳ, кҳҳ-пҳҳ...» сулфида, нафаси вазнин кашид. Ҳамагӣ як маротиба баалам «ҳи-иъ» гуфта, ҳиққас заду тамом. Оҳ, ҷисми фаҳӯлаш пешорӯ галтида, гирдаки баландгӯяк алл ба даҳони нимвояш дармонд. Издиҳом шӯр барангехт, бархе каф мезад, тоифаеро аҷаб не, даҳон то бехи гӯш дарид. Асадӣ Паймони бечора ҳар андоза зӯр мезад, даҳонаш аз баландгӯяк раҳо намехӯрд. Ба ҳоли зори ҳофизи беҳол мардум механдид. Баъдан, ӯро чандкаса бардошта бурданд.

— Э бача, ин ҳофиз ягон касал-пасал дошт? — пурсид мӯйсафеди соддае раҳбараш аз ҳамсояаш.

— Ҳа, касали дилзанак дошт, — рӯй гардонд марди пир, ки муштоқ ба шунидани гӯрӯғлӣ ғамин метобид. — Мо бо ҳофиз падарошноем. Аҷаб устои гулдасте. Ҳайф, сағира обрӯша ба замин резонд-а...

— Бобои раҳматиш ҳамин хел овози хуб дошт, лекин бераҳм буд, — ба масъала рӯшанӣ андохт вакили нилобиҳо. — Дар бузкашӣ гарданаш шикаст. Ҷавонмарг шуд, ёдаш бахайр.

пешина
аз 314
навбатӣ