Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

аст, гоҳвораи нигирро меҷунбонад, шираш меҳӯронад. Ҳамон соли наҳс гов аз бекоҳӣ аз шир монд.

Дер баргашт аз дарав Суннатбӣ. Мегирист ӯ тифлаки ширхора. Ҳайратзада шуд, биҳезаду дар ба дари хонаҳо ширталбӣ биравад? Ба кадом хонаҳо? Аз ҳамсояҳо хабари нохуш бешумор меомад. Ба ёди зан дугонаи даврони мактабнаш расид. Дурии хонаи раис ба нигоҳаш ҳеҷ намуд. Муҳим он аст, ки нури чашмонаш аз марг наҷот ёбад.

Саморо абрҳои сиёҳ печонида, уфуқ тиратар шуд. Тундаре дар миёнаи осмон барқ зад. Суннатбӣ сӯйи деҳи ҳамсоя башитоб мерафт. Дар саҳни ҳавлӣ, во аҷабӣ, пеши дидагонаш якбора мавҷ зад. Сояе тирвор гузашт. Чигуна сояе? На, ӯ раҳи хонаи раисро фаромӯш накардааст. Басо тез бигзашт соя, зан кӣ буданашро нафаҳмид. Наход, тифли маъсум аз гуруснагӣ бимирад? Бале, сояи зани раис буд. Магар дар ҳавлии раис зани бегона мегардад? Зинароҳи симонтии долонро боло шуд. Худро таскин медод, ки ҳанӯз воридшавии ӯро надидааст. Даврони мактабхонӣ дугонаи наздик аз дур ба истиқболаш меомад. Ба дари хона ангушт зад, садое нашнид. Дарро оҳиста бикшод. Зани раис аз табақ чашм намеканд. Суннатбӣ нафасе карахт монд. Соҳибхона сӯйи дари боз дида боз кард. Нигоҳҳо ҳамдигарро шикор доштанд. Кӯдакон аз табақ даст кашида, нигарони меҳмон буданд. Зани раис чиғот андохта, ба сари кӯдаке ситезаҷӯ гуфт:
— Чӣ нигоҳ мекунӣ? Надидай одама?!
— Ҳола, биё...
— Рӯта сӯйи қибла бигардон!
— Як пиёла ширам медодӣ..., — ба гардани каҷ, ашк дар чашмон пурсид Суннатбӣ.
— Ширталбӣ омадай? — аз ҷо базӯр хест занак ва чиниеро нисфи шир оварду киноя зад: — Говам аз шир мондааст. Охиринаш ҳамин бувад!

Суннатбӣ беруни дарвоза нашуда, таънаи соҳибхонаро бишнид, ки мегуфт: «Раис гуфта ҳама ба дари хонааш гадой меоянд! Ҳе, мардуми беоре. Мегӯӣ шавҳари ман хазинаи Қорун дошта бошад. Бо пойҷомаҳои дарида талбида гаштан. Ҷӯғиҳо!» Сараш хаёле чархид, ки нафастанг пеш нарафт. Ранг бохт. Ин садои кӣ буд? Ҳамон Ойтиллое, ки якҷо гашта, ҷою нонашонро баҳам медиданд?

пешина
аз 314
навбатӣ