Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Аз ҷоки гиребонаш оби сард рехта бошанд, ларз хӯрд. Ба ақли одамӣ рост намеояд маслиҳати ӯ. Духтарашро ба писари апаи худ ба занӣ бидиҳад? Ба шуниди вай Суннатбӣ шираш маккондааст. Таомул вайрон, ба номи авлод испод меоварад. Фарзандони хешони асил ноқис ба дунё меоянд. Ахиран, дар шариати ислом ширхораҳо акаву хоҳар ҳисобанд.
– Бобо, бо апаам як маслиҳат бикунем-чӣ? Шир намакқонда бошад, олам гулистон. Ба никоҳшон ҳамин шаб розиям...
– Э, ту одамӣ ё маймун? Шир макконданаш дурӯғ! Чанги Ғирмон хонасалотмон кард, бенаво мондаем. Сағираи пойлуч то дина дар пеши дари хонаам ба ранги сағи бах-бах мегаштӣ. Ба тапӣ қарзу фарз гӯтида, занат додем, фаромӯш кардӣ? Ношукр, Худо медонад, як навола нон ёфтаӣ, а?! – мӯсафед сари қаҳр чойи хунукшудаи пиёлаашро ба танаи девор пошид ва ба нишони ғазаб паҳлӯ гашту «туф» кард.
– Бобо, некитона фаромӯш накардаам. Метарсам, гапи апаам рост бошад, ҳарду дӯзахӣ мешавем.
– Беақл, ту донотарӣ ё махсуми Ғанӣ? Саҳарӣ зоғ нӯлша ба об назада, ба хонаи ӯ рафтам. «Дар зарурат раво бувад» – фатво дод мулло. Ҳамин пешхезиат буд, ки бо раиси колхоз соз нагирифтӣ. Хотир андохтам, котиби ҷамоат шудӣ. Одами боақл духтари бокираро дар хонааш манъ мекунад? Не!
Пирамард рӯи аспинаашро, ки ҷо-ҷо доғи кунҷитак дошт, молида-молида нигарони посухи Салоҳ гӯш фаро дод. Шабеҳи мурғи ташнаест, ки ҳавзи об наздик аст, аз катак раҳо шуда наметавонад. Ӯ дар ин бозӣ ба як тир ду нишон хоҳад зад. Нахуст духтари Салоҳро арӯс меорад, сонӣ, чиҳозе, ки мебоист ба ҳусурбачааш мебурд, адои хизмат гуфта, боқӣ як тини зардакаш намедод.
Бародари кампир лаби ноне ба даҳон набурд. Забон дар комаш часпида буд. Худоё, аз ин машварат апааш дарак ёбад, ба сари Салоҳ чормағз мешиканад. Соле, ки харсаворак шуд, волидонаш пасопеш ба дунёи абадият рехлат карданд. Парастори ягонаи хеш Суннатбиро дид. Либосаш мешусту хӯрокаш мепухт, «баҷаи ҷон»-аш мегуфт. Бо вуҷуди пакӯйҳо бобои Назар бераҳм қораш мефармуд. Бо фармоне дерӣ мекард, гӯшмол мехӯрд. Марди пирро ба чашми росташ гул афтода, андаке бенураш мегирифт. Салоҳ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё