Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ангура хӯрдӣ, ба боғаш чӣ кор дорӣ?
– Мо тарбуза, ки хӯрдем, ба полезаш кор доре-см, ҳа-а..., - афзуд Гулаҳмади ланг бозори ҳандаро тафсонда.
– Э-э-ъ, рӯз медиҳӣ ҳамин ҷо бишинме, ланги бадбахт? Номи ҳамон зормондоро нагирӣ, бекор мемонӣ?- аз поён садо баровард Исмати Эмом.
– Маъракаи имшаба..., - хомӯш зод овози соҳибхона. – Фунгӣ туғрӣ гуфт, ки ба чӣ ваҷҳ одамҳоро ба нонхӯрӣ фарёд кардем. Баъзан тайи гапа фаҳмондан мушкил меафтад. Дар ин умри даргузар ҳеҷ кас дунёбон намешавад. Мову шумо рӯзе ба хонаи охират меравем.
– Мақсад-чӣ? Ё маргатро фаҳмидай, Назар?- баланд гуфт Саттор Азими фунгӣ.
– Не, ба зинда буданмон фарзандҳоро соҳиби хонаву дар бикунем. Ҳамон вақт дар гӯр оромӣ дорем...
Соҳибхона хомӯш монд. Нигоҳаш ба мулло часпид, ки дулунча мехӯрад. Аз куҷое занбӯри зардак пайдо шуду хонаро давр зад. Як занбӯрак даҳони ҳамаро баст. Аз ҳар сӯ овози «гӯштам талх!» баланд шуд, ки ба роғи тиреза парвозӣ рафт. Бобои Назар чизе гуфтан мехост, ки садои пурфарахи духтарчаи Салоҳро шунида, пақар монд.
– Ҷон-е, момам омад ! Мома, чӣ овардӣ?..
Кампир даро-бурои одамонро дида, хаёлаш гурехт. Мабодо ягон воқеаи нохуш рух додаасту рафта овардандаш. Дарзи ҷарроҳиш дард кашид. Лаб таки дандон газида, сир бой надод. Ӯ аз дасти бачааш раҳо ёфта, қадам ба қадам ҳайраташ меафзуд. Чаро Сангалӣ на дар шифогоҳ ва на дар роҳ чизе нагуфташ? Хушдоманам натарсад гуфта хоҳари кулӯтариш ҳузури одамонро бо дидаи тар фаҳмонд. Суннатбӣ алам кашид, муштонаш гиреҳ калавида-калавида ба маъракаи мардакҳо сар хаст. Ҳама ба истиқболаш бархосту кулӯтариш не. Куртаи сафед ба бар, докаи оҳараш нашкаста ба сар, пиҷҷаҳои барфосо ӯро ба фариштаи осмонӣ ҳамранг медошт. Нафасе дар остони дар истод. Баланд не, хаставу вобаставу рӯҳшикан гуфт:
– Маътали касалшавии ман будӣ, номард? Ба фикрат Суннатбира зинда ба гӯр мебариву тӯю тамошо мебинӣ? Э, рӯсиёҳ, фаҳмонда будамат, ки Сангаливу Паримоҳ ширхораанд. Ту,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё