Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Беимони бедиҳнат, чӣ хел рӯта ба намакоб шуста, ба мардум дурӯғ гуфтаӣ? - Кампир охиставу пурмаъно дилашро холӣ мекард. — Ҳе, рӯбаҳи ҳилагар. Худоро ҳам фиреб доданӣ? Риши чорӯби сӯхтаат дар хоке, чунон болое шиштааст, ки мегӯӣ шон аз Макаи мукаррама омада бошад! Оббо-е, ин қадар сол дар болини номард сар монда будаам. Бихез, рафта чизу чорама биёру аз хона ба якборагӣ дафъ шав. Дӯзахӣ! Беимони худозада, иншоаллоҳ, мурдан туро хок раҳ намедиҳад. Бурутора бине, пишаки атолахӯрда!

Кулутариши тайи обу арақ аз болои кӯрпачаи шоҳӣ то рӯи гилем лағжид. Сар боло карда наметавонист. Теғи нигоҳи одамон танашро пора-пора кард, балки сӯзонд, хокистар гашт. Сараш дар қабзаи гиребон, инсӯву onsӯ намеҷунбид. Ҳамсояҳо пасопеш хонаро тарк гуфта, ба долон баромаданд.

— Нони ин хел одама хӯрдан макрӯҳ аст. Моро бубахш, мома, худой гуфта омадем...- аз номи аҳли маърака узр хост омӯзгор Абдуҳалим.

Чароғи айвони ҳамсояҳо дар сукунати шаб фурӯзон мегашт...

Момои Суннатбӣ интизори омадани кулутариш хобаш намебурд.

«Рӯбоҳ» аз талвосаи тезтарак расондани молҳои дуздонда шабошаб дум хода мекард.

Доварӣ ба ин манзара тани мову шумост.

пешина
аз 314
навбатӣ