Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

мерасонанд. Ба ҷойи он ки миёни харидору соҳиби мол ҳусни тафоҳум барқарор созанд, ҷанҷолу ҳангома мехезад. Ҳамроҳашро ба ҷӯши бозор овард. Хитобаҳои пастобаланд ба гӯш мерасад. Шиносони кӯҳна аз дароии далоли номӣ ҳайратзада, далел меҷӯстанд. Ӯ ба миқдори харҳои бозор таваҷҷӯҳ дошт. Аз пеши харони ношуд беҳисс мегузашт, ки соҳибаш ба бозор моли «брак» овардааст. Маркабе ба савдо биравад, барояш нафъ буд, ҳам харидор, ҳам соҳиби мол хушнуд мешуданд. Ва, раҳравон қарор мегиранд назди молдоре.
— Нағзӣ, бобои Худой?
— Зиндагӣ дорем ба ҳукми илоҳӣ.
— Холиё дар куҷоӣ, наменамоӣ?
— Дар ватани бобоӣ.
— Ҳар моли ҳалоли худат аст?
— Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим, баргаки бегонаеро ба даҳон набурда, бо обу дони парпарда калонаш кардаам.
— Зоташ зӯр будаст-да.
— Хутик буд, ҳаддягира гардан намедод, бачам.
— Дар подабонӣ намегурехт?
— Не-не-е-е, ҳамин хел хари боақл, ки...
— Хуб, қалини хари таърифия чанд мегӯӣ?
— Дусаду панҷоҳ доллари амрикоӣ!
— Инсоф бикун, бобо, қалини духтарора дар хок задӣ.
— И-и-сь, о, ғайри рӯбӯчину шустушӯву пухтупаз аз дасташ ҳама кор меояд.
— Ку як ҳунари хубша бигӯ.
Муштоқони савдо тӯб заданд, ки арзиши ҳайвони таърифӣ ба чӣ қарор мегирад. Сайидбой пушту поҳои дарозӯшро молида-молида итминон ҳосил кард, ки сувориш хуб аст. Ӯ хари хубро аз як нигоҳ мешиносад, мӯйи сараш дар харшиносӣ сафед шудааст. Яке буд бачае паҳлӯи Сайидбой рост шуда, пинҳонӣ аз тамошогарон-дуздона ба дасташ чизе каппонд. Вай як ба хардор назар ва андак пас чор андохт, ки «Эй, мардум! Дар бозор харе овардаанд хушёлу бақуввату ҳезумкашу бачазо. Хутикаш курраи асп барин медавад. Ҳой, бозоракиҳо! Харро нодида аз дунё ормонӣ меравед. О-ох, аҷаб хари хубе...».

пешина
аз 314
навбатӣ