Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хонданХар мегириву на қадри хара медонӣ!
- Ҳавой нашав! Кӣ намедонад, қадри хара? А-а?!
- Ту!
- Ба таваллудам харида, харбача, чӣ хел буд, бачаи ҳарам!
Муштоқони мутоиба кайф карда хандиданд. - Бачаи харӣ?- пурсид ҷавоневу зуд панаҳ кашид худро.
- Не, забонам часпид...
Сайидбой Ҳошим аз қаҳқаҳи осмонкафт таҳнахӯрд. Ба гунаҳои сурхӣ низ надавид. Ғалате гуфт, ки ҷойи ислоҳаш набуд. Базлагӯстон механдиданд. - Э Худо, диламон аз ханда мекафад-е! Астағфируллоҳ!
- Не, аз бачагӣ хар бисёр дидаам, — ба дили худ ислоҳ даровард ӯ ғалаташро.
Посухи Сайидбой Ҳошим хандохандро тапсон дошт. - Ҳе, сагираҳои ҳазлкаше! Як гап гуфтам дар мастӣ, почакома бубастӣ! Хубаш ака, мола савдо бикунем...
- Ту харидор нестӣ, ошно.
- Ана, ӯ мӯсафед-чӣ?
- Ӯ одами соҳибихтиёр, гунг нест.
- Говашро дузд бурдааст, — аз дурӯғаш завқ бурд Сайидбой Ҳошим.
- Оғилат дар надошт, бобо? — ба ҳоли пирамарди хомӯш дилаш сӯхт молдорро.
- «Дузди зӯр соҳиби гова баст», — ишораи далолро фаҳмид мӯйсафед.
- Рост бигӯ, ба бозор тамошо омадӣ ё хар мехарӣ?
- О, ягон нархи сабук гап зан.
- Яксаду ҳаштоду панҷ доллар!
- Беҳад беинсофӣ мекунӣ-да.
- Наход, ту қадри пири нурония надонӣ. Биё, рӯта Худо бинад, савдора нагардон.
- А, мардак, ҷонвара хумори чашмҳоша бибин, — ба савдо маҳкамтар миён баст Сайидбой Ҳошим.
- Ҳар чӣ қадр дорад? Умре бор мекашаду осудагӣ намебинад.
- Вазифааш ҳамин аст, ба табиаташ дуо рафта.
- Асп ҳам бор мебараду дӯсташ медоранд, човандозҳо.
- Дар умри сарат боре баҳиммат будай?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ