ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

“Баҳри чӣ ва баҳри кӣ хонанд намоз?”
Муршидеро рӯзе пурсидам ба ноз.
Гуфт пири ориф, к-он баҳри худ аст,
На барои Эзиду пайғомбар аст.
На барои Ҷибрилу Микёлу ҷин,
На барои Қобизу асғори син.
На барои ҷадду аббу уммаҳот,
На барои ҷумлаву на ҷумалот.
На барои ин замину ваҳшиён,
На барои осмону аршиён.
На барои баҳру оби ҷӯву кӯл,
На барои кӯҳи Қофу Мевағӯл.
Қисса кӯтаҳ, ай писар, баҳри худӣ
Гашт салот асбоби фарзу суннатӣ.
Ҳар кӣ хонад ӯ намоз аз таҳти дил,
Зуд гардад бо Худояш васлу сил.
Роҳи осон ҷуз салот набвад туро,
Ин бувад осонтарин роҳ то Худо.
Мутмаин гардад дилат вақти намоз,
Чун ҳузур гардад Худо дар вақти роз.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
ас-салоту аҳсану мо йаъмалу ан-носу”, яъне, дӯстам, намоз беҳтарин амале аст, ки мардум анҷом медиҳанд.
“Намоз”, пас, дӯстам, чист?
Мабодо магӯӣ, ки он ҳамоно амале, ки падару бобову бобокалонҳои мо мекарданду ман низ бояд бикунам, ки ин тақлидкористу бас?!
Мабодо боз магӯӣ, ки ин амали маҷбурӣ аст, ки онро Худованду расулаш дар гардану дӯши мусалмон суфоридааст, ки он аслан фарзу вале иҷроиши онро Худованд барои касе иҷборӣ нагардонидаасту танҳо тавсия мекунад, ки он беҳтарин василаву асбоб аст, ки инсонро бо Худованд наздик мегардонад; ва он беҳтарин вақту имконот аст, то ки инсон аз Худояш чизеро пурсида бошад; ва он беҳтарин лаҳазотест, ки бо Худояш рӯ ба рӯ истода, суҳбат карда бошад ва ҳоказову ҳоказо?!
Мабодо боз магӯӣ, ки намоз барои хотири Худованду расулаш хонда мешаваду бас, ки ин мутлақо нодуруст аст, чунки ва аслан, на Худованду на Расулаш ба намозҳои мо эҳтиёҷ доранд, чунки Худованд “... самадун” (Сураи “Ихлос”) аст, яъне “бениёз” аст ва ба касеву чизе эҳтиёҷ надорад ва Расулаш ба хотиру “... бил-ҳаққи баширан ва назиран” (Сураи “Бақара” ва дар дигар сураҳо омада), яъне ба ҳаққи башорат додан ва огаҳонидан фиристода шудааст, низ эҳтиёҷ бар намозҳои мо надорад,ва ҳамоно, пас, он намозҳое, ки мо адо мекунем, танҳо барои хотири худамон мекунему бас?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё