ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Инчунин тамсил зиёду лек бас аст,
Он чи гуфтам чун мисол хотиррас аст.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло тухаййиру байна-л-анбиёъи”, яъне, дӯстам, “... байни анбиё касеро бар дигаре тарҷеҳ надиҳед”.
Бале, дӯстам, чун дар Қуръони азиму-ш-шаън Худованди мутаъол фармуда: “...
ло нуфарриқу байна аҳадим мин русулиҳ”, яъне, фарқ байни эшонро (расулонро) мо накунем, пас, чӣ ҷои аҷаб аст, ки фарқ байни мардум назди Худованд мавҷуд нест, магар ки дар мартаба бошаду натоиҷи аъмол.
Пас, машояд ки байни ҳаммартаба, ҳаммақом тарҷеҳ, яъне, якеро бар дигаре беҳтару афзал шуморида шавад.
Яъне, аз ҷиҳати ҷисмонӣ, ҳама инсон якранг аст ва аз тоифаву ҷинси инсон маҳсуб буда, ҳамчу махлуқ аз ҷониби Худованд офарида шуда, вале...
Вале аз рӯи амалҳои содиршаванда ва албатта, аз рӯи подоши он аъмол, фарқ аз замин то осмон аст, чун Худованд фармуда: “... ло йаствӣ... ва-л-лазина оману ва ъамилу-с-солиҳоти ва ла-л-мусӣ”, яъне, баробар нестанд он ашхосе, ки ба Худованд имон оварданду амалҳои некро анҷомдода бо осиён (гунаҳкорон).
Дигаре он аст, ки дар Қуръон Худованди карим фармуда, ки “... фаззало баъзин ъало баъзин”, яъне, фазл додем баъзеро (зиёда) бар баъзе, ки ин ҳам мазмуни қисмати неъмат, сарфи назар аз ҷинсу нажоду миллат аст.
Яъне, боз ҳам, ҳамчу инсон, ҳама офаридаҳои ваянд ва ҳуқуқ бар зиндагиву дигар матоъ доранду дода шудаанду баробаранд, вале дастрасии касе, нисбатан аз дигаре, каму беш шудаасту бас.
Кунун суоле, пас, агар тарҷеҳ байни анбиёву расулон мавҷуд нест, оё тарҷеҳ байни ҳаммаслакону ҳамдамону ҳамсуҳбатону ёрону дигар байни мардуми оддӣ ҳаст?
На, албатта! Магарам ки боз ҳам дар натоиҷи аъмол бошаду бас, яъне, мисол, касе дар накӯкорӣ аз дигар накӯкор беҳтару пешқадамтар бошад ва ин низ тобише аз маънии Ояти қуръонии “... аййукум аҳсану ъамалан” будааст.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили иззату эҳтиром намудани волидайн.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё