ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

З-он Расул чун мард суол кард: Ай Набӣ,
Чун Худо баъд ту киро, пас, иттабиъ?
Гуфт на ман, аввал кӣ зодаст, бин, туро,
Ӯ сазовортар бувад нисбат ба мо.
То назоданд, ман киро дарсе диҳам?
Баҳри кӣ, гар ӯ набошад, ман зи(ҳ)ам?
Мисли нонвоям, бинам ман орду об,
Гарчи деҳқон мекунад кишт дар азоб.
Чаппагардон мекунад ӯ қитъаро,
Гарчи бошад сахт замин ин муддаъо.
Гандуме корад, бидод обу намак,
То занад берун зи хок ҳар як сарак.
З-он даме чашмаш набинад хонаро,
Болину бистар чу шуд хоке варо.
Рӯзу шаб посбон шавад бар хирманаш,
Чун мабодо пур кунад муш доманаш?!
Ё ки ҳайвон по занад ё ком саре,
Ё ки душман боз занад оташ баре.
Рӯз чу қоим гашту сарҳо пухта гашт,
Дар дарав иштоб кунад ҳосил зи дашт.
Кӯфта гиранд ҳар сареро то ки дон,
Бар замин афтад чу тан маҷбур зи ҷон.
Осиё ӯ мебарад ҷамъи варо,
То кунад ӯ донаҳо аз пӯст ҷудо.
То ки гардад орд аз дон зери санг,
То биёяд бӯйи нон, на бӯйи нанг.
Халта гардад пур, равад андар фурӯш,
Мешавад бозору ояд он ба ҷӯш.
Мардуми оддиву нонвойҳо харид
Мекунанд аз орди деҳқон бо шадид.
В-ин кунун, қорӣ, ман ин ҷо қиссаро,
Мекунам кӯтаҳ чу як даҳ ҳиссаро.
Ту кунун ҷои валад деҳқон бубин,
То шавад ақлат зи гуфтор бас мубин.
Ҷойи нонвой, ту муалим дону бас,
Ҷойи орд фарзанд бубин бо чашми кас.
“... ман аз осмон омадам” ҳеҷ гаҳ магӯ,
Дона - аз осмону деҳқон зери ӯ!
Заҳмате деҳқон кашад то дона сар,
Аз замини модарон ояд ба дар.
То мабошад он замин бораҳм ба дон,
Кай шавад гӯшт ҷамъ гирди устухон?
Аз куҷо ворид шавад ҷон дар танаш?
Аз куҷо берун шавад, бин, ин сараш?
Инчунин ташбеҳ бувад зоиду ман,
Хап кунам, гӯям вале ман як сухан:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё