Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин чӣ рӯз аст, мурд фарзанд, лек ман
То ба ин дам зиндаву дур аз ватан?
Ин чӣ бадбахтист, ки фарзандро кафан,
Ҳамчу ҷома дӯзаму печам ба тан?
Ин чӣ маънист, то бинам чашми саҳар,
Лек набинад офтобро ин писар?
Ҷома меканд ӯ зи чоку мӯй зи сар,
Зарба мезад бар тану ҳам пушти сар.
Бар замин мезад тану олуда хок,
Ҷомаро мекарду мекандаш зи чок.
Гиря мекард ӯ шабу рӯз зор-зор,
З-он чи гашт гул ӯву фарзанд шуд хор.
Ай Худо, мегуфту ӯ рӯй бар само,
Карда мегуфт: Ин чӣ аст? Ин чӣ бало?
Гиря мекарданд ҳама дар он азо,
Гӯиё қоим шуда(а)ст Рӯзи ҷазо.
Қисса кӯтаҳ, вай набуд хурсанд аз он,
Ки бимонд вай зиндаву ӯ бохт ҷон.
Дар шаби чилум бидид дар хоб малак,
Ки нузул кард чанд паём з-аҳли фалак.
Ӯ бигуфт он ҷон, ки дар тан мезиҳад,
Чун амонат он Худо бар ту диҳад.
Рӯзи бозгашт чун шавад вақташ расо,
Гашта вомро мегирад аз ту Худо.
Ин тане, к-аз хок бувад, бар хок равад,
Васли ҷинси худ, бубин, охир шавад.
Чун бувад вом ҷону аз мо нест он,
Пас, чаро бардорӣ дар пардохт фиғон?
Моли ту нест ону моли он Худост,
Пас, ғаме хӯрдан дар ин кор норавост.
Вақти додан мешавӣ хурсанд, вале
Вақте боз додан хурӣ з-он кор ғаме?!
Ҷону вақту неъмати боз додааш,
Сӯйи соҳиб, оқибат, гардад ҳамаш.
“Инна ли-л-лаҳ (-у) илайҳи роҷеъун”
Аз Худову сӯйи вай бозгаштамун.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ли-л-лаҳи ма ахаза ва ли-л-лаҳи ма аъто”, яъне, дӯстам, “... аз они Худост ҳар он чи бигирад ва бидиҳад”.

Бале, дӯстам, Молик кулл аст, Худованди карим ва ҳама чиз аз он ӯст ва “... ва оқибати-л-умур”, яъне, оқибати ҳамаи корҳо ва “... ва илайҳи турҷаъун”, яъне, ҳамакаса сӯи ӯ бармегардем дар охир, чунки, чун дар Қуръон омада “...
мин руҳӣ”, яъне, аз руҳи вай офарида шудаем ва бояд ки дубора бо руҳи кулл бипайвандем.

пешина
аз 131
навбатӣ