ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Инсон “... лам йакун шайъан мазкуран”, яъне, чизе буд, ки ҳатто киройии зикр ҳам набуд ва он чи ки ночиз буд, молики чӣ чизе шуда метавонад? Магарам, мо соҳибони ҳаёти худ бошем? Шояд, вале он чизе, ки чун асбоб истифода мебарем, ҳамааш мисли мо офарида шудагони Худованди қодир аст ва танҳо ихтиёр дар дасти мосту бас.
Ин тани гӯштин ва он руҳи амонат дода шуда, ин обу ҳавои офарида шуда ва ҳоказо – ҳама додаҳои Худованд аст, ки рӯзе бояд ба вомдода, яъне, ба соҳиби ба мо қарздода, баргардонида шавад.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили хостаниҳои барзиёдаи нафси аммора.
Мумсике дар кунҷи хона менишаст,
Дар ҳисоби мол ангушт мешикаст.
Ҳар чи мекард дар ҳисоб ӯ чаппу рост,
На мавод мегашт зиёду на кост.
Гарчи суффу пуф мекард андарун(ш),
Ҳеҷ не, то як барорад сар бурун(ш).
Ду намешуд он якаш, гарчи дуо
Карда, мепурсид даворо аз Худо.
Ваъда медод, гар шавад молаш зиёд,
Ӯ зи хости нав кунад нафс иҳтиёт.
Гар шавад ду он якаш, ӯ бас кунад,
Эҳтиёҷу хости худ дар хас кунад.
В-ин бубин, ки гарчи донад он Алим,
Ду бикард якро барояш мустақим.
Дар ҳамон рӯз, чун бишуд он як(ш) ду,
“Се шавад, бас мекунам!” гуфт он аду.
Ҳамчунин аст ҳоли мумсик, ай писар,
Гар якеро ду кунад, хоҳад дигар.
Нафси инсон гар бимонад бе лаҷом,
Сӯйи “... севу чор” давад беист давом.
Чун шавад ширинтар чой аз шаккар,
Нафс бихоҳад камтаре шаккар дигар.
Лек бирезанд дандонҳо з-он зиёд,
Ё фишори хун ҷаҳад аз он мавод.
Шаккар арчи хуб камаш беҳтар бувад,
Аз ҳалокат, ай писар, эстар бувад.
Ту кунун аз ин ҳадис хон, к-он Набӣ,
Чӣ бигуфт оид ба ҳоли мумсикӣ.
...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё