Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

В-инак, аввал, калб, яъне саг ва нӯшидани вай обро аз зарфе, к-аз он инсон тановул мекунад, аз эҳтимол дур набудааст, вале бар ҳар ҳол, шахс бояд зарфи сагу дигар ҳайвонотро дар алоҳидагӣ омодаву истифода бикунад.

Сагро низ, чун дигар анвоъи ҳайвонот, Худованд офаридааст, в-ончи Ӯ офарид, аз азал муҳри “ҳаромро” надорад ва лоиқи сарзанишу кӯфтанӣ нест. Он ҳам дар хидмати инсон аст ва-з беҳтарин хидмати вай – посбонӣ маҳсуб шудааст.

Дигар он аст, ки навъу номи на ҳама ҳайвонот дар Қуръони карим дарҷ шудааст, вале дар Сураи “Каҳф”, қиссае аз асҳоби Каҳф мундариҷ аст, ки дар он, сагеро ном бурдааст, ки дар остонаи он ғор, соҳибони хуфтаи худро посбонӣ мекард. Қиссаи вафодор мондани он саг ба соҳибони худ то ҳол хонандаро ба ваҷд меорад, ки чунин хислат, ҳатто дар аксари “одамони боақлу бораҳм” нисбати Худои худ мавҷуд нест.

Хислати бовафо будану мондани саг ба соҳибаш, ҳатто дар ашъори орифони замона, мисол Хоҷа Камол, суруда шудааст: “Ай ман саги ту, авф кун, ин худписандиям”, яъне, ман ҳамоно бовафоям мисли он саг ва ҳоказо.

Ва инак, бибин, дӯстам, ки он Ҳазрат (с.а.в.) чӣ фармуд? Агарчиву мабодо саге аз зарфе, ки шумо аз он хӯрок истеъмол мекунед, об нӯшида бошаду онро олуда сохта, пас, бо об онро ҳафт маротиба бишӯед. Ва акнун, хулоса кунед, ки Паёмбар (с.а.в.) гарчи дар ин ҳадис ногуфта, чиро гуфта истодааст?

Яъне, аввал, баъд аз ҳафт маротиба шустани он зарф бо об, он олудагиҳо (оби даҳанаш, шояд заҳри дандонҳояш, шояд мӯйҳояш ва ҳоказо) аз зарф пурра тамйиз (пок) мегардад ва пок, ки гашт, тановули баъдина аз он зарф, барои инсон манъ нашудааст.

Дигар он ки баъд аз ҳафт маротиба шустани он, Паёмбар (с.а.в.) нафармудааст, ки он зарфро бареду бишканеду партоед, вагарна чӣ мантиқе ҳаст дар ҳафт маротиба шустани зарф? Он зарфро ношуста низ парт намудан мумкин аст-ку?!

В-он дигар пайваста ба эҳтироми хосса нисбати ҳайвонот аст, ки аз рафтори инсонвори Паёмбарамон (с.а.в.) бармеояд, чунки об додани ҳайвон на танҳо аз фармони Паёмбар (с.а.в.) аст, ки дар аҳодис омада ва ё дар кутуби шаръӣ маънидод шуда, балки нигаред ба шарту фармони бо навбат додани об ба уштур (“ноқата-л-лоҳи ва суқёҳо...”, Сураи “Шамс”) ва нофармонии он мардум ва гирифтор шудани онҳо ба азоби Худованд, чунки он шарти об доданро вайрон намуданд ва уштурро куштанд.

Нигоҳубин намудани ҳайвонот ба зиммаи инсон вогузошта шудааст. Он махлуқони “бе забону дасту пову дастнигар” барои хидмати инсон офарида шудаанд, ба мисли дасту поямон ва дидаву дониста “бурида партофтани” онҳо танҳо ба зиёни мо асту бас.

пешина
аз 175
навбатӣ