Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин Худо шоистаи ҳар аҳсан аст,
Раҳмати Ӯ бандагонро махзан аст.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Паёмбари арҷманди мо, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “... изо мариза-л-ъабду ав сафара, кутиба лаҳу мислу мо кона йаъмалу муқиман саҳиҳан”, яъне, дӯстам, ҳар гоҳ бандае мариз ва ё мусофир бошад, барои ӯ подоши аъмоле, ки дар замони иқомат ва сиҳҳат анҷом медодааст, навишта мешавад.

Аҷаб меҳрубону адолатпарвар ва умедбахш аст Худованди карим! Бибин, ки Паёмбари акрам (с.а.в.) аз ҷониби Худованд чӣ муждаеро барои бандагони Худо, ба умматони Расули акрам (с.а.в.) ва ҳар муъмин расонида истодааст?

Ло илоҳа иллаллоҳ! Бале, нест дигар маъбуд ғайри ин Худованди азиз, ки омодагии мағфират намудани ҳар гуноҳи бандагонашро дорад. Нест ғайри Ӯ илоҳе, ки бар ивази як савоби бандааш даҳу то ҳафтсад савобҳоро навишта бошад. Нест ғайри Ӯ худое, ки бар ивази як шаби қадраш аз ҷониби бандагонаш, савоби ҳафтодсолаи бонамозро навишта бошад. Нест ғайри Ӯ меҳрубоне, ки савоби баробар бар маризону мусофирон, ки имрӯз, наметавонанд бо он сабабҳо кори некро идома диҳанд, гӯиё он ки карда бошанд, навишта бошад.

Ин хел Худои меҳрубону бораҳму бандадӯстро боз аз куҷои дигар меёбӣ?

……….

  1. Оид ба масоили нишонаҳои шахси мунофиқ.

Боре дар ҳамойиши асҳоби ҷуд,
Инчунин фармуд Набӣ бар аҳли худ:
Дурӣ ҷӯед аз мунофиқ, чун нишон
Дорад ӯ аз Дӯзахе пур аз хизон.
Бӯи тафти сӯхтаҳо ояд зи ӯ,
Мисли он ки мекунад як мурда бӯ.
Чун зиён орад ба худ аз кори худ,
Тор кашад дар роҳи худ чун анкабут.
Нури пешонияш хомӯш аз ин
Гаштааст дар ду ҷаҳон аз кори кин.
Аъмӣ гардад, роҳ наёбад сӯи дор,
Амн он ҷосту равад ӯ зери дор.
Дидаву дониста бар ҷар пой барад,
Рӯйи об андар миёнаш пой ниҳад.
Гарчи донист дар дарунаш мор ҳаст,
Аҳмақона андарунаш сар бихаст.
Гар сухан гӯяд, дӯрӯғ дар ҳарфи ӯст,
Ҷои об, бин, бод андар зарфи ӯст.

пешина
аз 175
навбатӣ